Шабе бигзашт, ман бедор ҳастам, Зи сўзу мотамат бемор ҳастам. Падардорӣ бувад давлат ба дунё, Ту рафтиву кунун ман хор ҳастам. Ҳар он гоҳе туро бар ёд орам, Ҷаҳонам мешавад торик он дам. Наметонам фаромўшат намоям, Ҷамолат пеши рўям ояд ин дам. Фақат бо ёди ту ман менавозам, Суруданҳои ту ман зинда созам. Чунон талх, эй падарҷон, бе ту будан, Ба оби дида дунё ғарқ созам. Падарҷонам, ҷавон рафтӣ зи олам, Ҳамеша фикри ту, ёди ту дорам. Зи ман танҳо расад бар ту дуое, Дари ҷаннат ба рўят боз хоҳам.