Тавҳид чист? Тавҳид ягона шуморидани Аллоҳ бо се чиз мебошад.Он се чиз кадомҳоанд?1- Тавҳиди рубубият 2- Тавҳиди Улуҳият3- Тавҳиди асмо ав сифот (номҳо ва сифатҳои Аллоҳ) Тавҳиди рубубият чист? Тавҳиди рубубият ягона шуморидани Аллоҳ бо феълҳояш мебошад. Яъне имон овардан ва иқрор кардан ба ин ки Аллоҳ офаранда, ризқ диҳанда, зинда кунанда ва миронандаи махлуқот ва идора кунандаи тамоми коинот мебошад. Далел : сураи Луқмон 25." Ва агар пурси аз онҳо ки офарид осмонҳову заминро, онҳо мегӯянд Аллоҳ."Ва низ Аллоҳ мефармояд : "Албатта Аллоҳ ӯст Раззоқ (ризқдиҳанда) ва соҳиби қувва ва ниҳоят зоти қодиру тавоно."Аллоҳ ъазза ва ҷалла гуфт :"Чихел кофир мешавед ба Аллоҳ ва ҳоло он, ки шумо мурда будед ва зинда гардонид шуморо пас аз он мемиронад шуморо ва зинда мегардонад баъд аз он. Пас аз он ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед." (Сураи Бақара 28. )Аллоҳ ҷалла ва ъала фармуд :"Тамоми ҳамду ситоиш барои Аллоҳест, ки парвардигор ва тарбия кунандаи оламиён мебошад." (Сураи Фотиҳа 1.)Оё имон овардан танҳо ба тавҳиди рубубият инсонро ба ислом медарорад?Имон овардан ба ин ки Аллоҳ офаранда, ризқ диҳанда миронандаю зинда гардонанда ба танҳоги кифояти намекунад.Ва тавҳиди рубубият лозим мегардонад имон оварданро ба тавҳиди улуҳият.Зеро мушрикони замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба тавҳиди рубубият имон доштанд,аммо ин имонашон ба онҳо фоидае надод ва онҳо ба ислом надаромаданд. Барои он ки онҳо ба тавҳиди илоҳият имон наоварданд.Тавҳиди улуҳият чист? Тавҳили илоҳият ё тавҳиди улуҳият ё тавҳиди ибодат ин ягона шуморидани Аллоҳ бо афъоли бандаҳояш мебошад. Яъне ягона шуморидани Аллоҳ дар ибодат.Тамоми намуди ибодатро ягона барои Аллоҳ сарф намудан ва ба ғайри Аллоҳ ягон кас ва ё чизро ибодат накардан.Далел : Аллоҳ субҳанаҳу гуфт : "Ва наофаридам ҷинну инсонҳоро магар танҳо барои ибодатам."(Сураи Зориёт 65.)Ҳикмат аз офаридани инсонҳо ва ҷинҳо ин ягона парастидани Аллоҳ мебошад.Аллоҳ ъазза ва ҷалла осмонҳову заминро ба хотири ин тавҳид офарид ва инсу ҷинро ба хотири ин тавҳид офарид ва тамоми паёмбаронро ба хотири ин тавҳид ба сӯи қавмашон фиристод.Ва тамоми паёмбарон қавмашонро ба ин тавҳид даъват намуданд ва ба хотири ин тавҳид аз қавмҳояштн озору азият диданд. Инсон агар ба тавҳиди улуҳият имон орад ва ягона Аллоҳро парастиш кунад ва ба Аллоҳ чизеро шарик қарор надиҳад ва Аллоҳро бо номҳои зебояш ва сифатҳои оли қадраш бишносад дар он вақт ҳақиқи муваҳҳид мегардад. Ва ба ҳар яки мову шумо лозиму зарурист таълим гирифтани тавҳид бо се намаудаш то ки дар доми ширк воқеъ нагрдем ва амалҳоямон ҳабата нагардад.Тавҳиди Асмо ва сифот чист?Тавҳиди номҳо ва сифатҳо ин аст, ки мо барои Аллоҳ он ному сифатҳоеро, ки Аллоҳ барои худаш исбот кард ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои Аллоҳ исбот кардаанд исбот менамоем.Аллоҳ ҷалла ва ъазз фармуд :" Ва барои Аллоҳ номҳои зебоест, пас дуо кунед Аллоҳро бо он номҳо. Ва гузоред ононеро, ки ширк меварзанд дар номҳояш. Ба зуди ҷазо дода мешаванд ба кардаҳояшон" (Сураи Аъроф 180.)Яке аз фоидаҳои имон ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ.Мусалмон агар Аллоҳро бо номҳои зебояш шиносад Ӯро мувофиқи он ноҳояш парастиш мекунад.Вақто ки гуноҳ мекунад вай медонад ки Аллоҳи Ғафуру Таввоб бандаро мебахшад ва тавбаашро мепазирад.Вақто ки гуноҳ кардани мешавад банда медонад Аллоҳи Қаҳҳору Азиз уро дида истода аст ва аз гуноҳ даст мекашад. Вақто ба банда сахтиҳои ҳаёт мерасад аз камбағалию нотавони банда медонад, ки Аллоҳи Ғани(бой бе ниёз) ва Самад(бе ниёз ба касе ҳоҷат надорад ва ҳама ба вай ҳоҷатманданд) уро ба ҳолаш тарк намекунад. Барои ҳар як фарди мусалмон фарз мебошад таълим гирифтани тавҳид ва амал кардан ба он то ки рӯзи қиёмат наҷот ёбад аз оташи сӯзони дӯзах.Аллоҳ ҳар яки мову шуморо аз оташи ҷаҳаннам наҷот диҳад ва ба омухтан ва амал карданро ба тавҳид ҳиммати оли ато фармояд.Ва дар мақолаҳои оянда ин се намуд тавҳидро бо алоҳидаги васетар гуфта мегузарем.Аллоҳ ҷалла ша'нуҳу ҳаммаи моро ба омухтани тавҳид муваффақ созад ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират аз ҷумлаи муваҳҳидон гардонад.Ва дониставу нодонист ширк карда бошем Аллоҳи Ғафуру Меҳрубон моро бахшад ва аз олудагиҳои ширк тоза намояд.Аллоҳ ба мо амал карданро ба ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﻟﻠﻪ муваффақ гардонад ва дар дами марг ин калимаи бузургро бар забонҳоямон ҷори созад. ﻭ ﺍﻟﺤﻤﺪ ﻟﻠﻪ ﺭﺏ ﺍﻟﻌﺎﻟﻤﻴﻦ.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1