1
Гардиши ин замона,
Нархунавойи нона
Дар кучахо шайтона,
«Мебинаму зиқ мешам»
2
Беқадрии юриста,
Ахволи журналиста,
Таксисти афириста,
«Мебинаму зиқ мешам»
3
Дар сари кудрат шоҳа,
Мардуми бепаноҳа,
Дарду ҳасрату оха,
«Мебинам узиқ мешам»
4
Донишгохи олиро,
Воситаи молиро,
Каллаҳои холиро,
«Мебинаму зик мешам»
5
Киссаҳои бепула,
Занхои сари рула,
Мардхои чул ба чула,
«Мебинамузик мешам»
6
Қимматии либоса,
«Бачок»-и папироса,
Кучахои ифлоса,
«Мебинаму зик мешам»
7
Дар сари рохнозира,
Маънкардани шофира,
Мушу гурба бозира,
«Мебинаму зик мешам»
8
Ранҷҳои мухочира,
Дарҳои мусофира,
Чашми чори икампира,
«Мебинаму зик мешам»
9
Чавонхои бекора,
Занхои нонбиёра,
Ҳамхешу хам табора,
«Мебинамузик мешам»
10
Духтарони «дилсофа»
Курта то ними нофа!!!
Мардуми беинсофа
«Мебинамузик мешам»
11
Кудаки дилфигора,
Аробаву ҳам бора,
Яъне номусу ора,
«Мебинамузик мешам»
12
Раиси ҷипсавора,
Мардуми харсавора,
Баъзе аз нобакора,
«Мебинамузик мешам»
13
Сари қадам мағоза:
Савдогари пурноза,
Бекадрии миҷоза,
«Мебинамузик мешам»
14
Чанд намуди ҳасиба,
«Арзон»-аку «ачиб»-а,
Киссахои «ғариб»-а,
«Мебинамузик мешам»
15
Окилонихудхоха,
Ошиқи нимароха,
Ваъдахои «пагох»-а,
«Мебинамузик мешам»
16
Гурури бедониша,
Супоришу хохиша,
Инкадар ситоиша,
«Мебинаму зик мешам»
17
Раиси бесавода,н
Хисоботи зиёда,
Дар корхонеш фасода,
«Мебинаму зик мешам»
18
Дар хучрахо бемора,
Духтурони айёра,
Мардумони карздора,
«Мебинаму зик мешам»
19
Тарозуи пулчина,
Кимматии бензина-
- Харду захми камчина,
«Мебинаму зик мешам»
20
Зери «парда» бозиро,
Мардуми норозиро,
Харруз чудосозиро,
«Мебинаму зик мешам»
21
Баъзе фикрхои хома,
Бандахои гулома,
Хилвархои инъома,
«Мебинаму зик мешам»
22
Баъзе фарди хавоса,
Чодугару ихлоса,
Ин кадар илтимоса,
«Мебинаму зик мешам»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6