Ҷавоб: 99 ном. Савол: Бузургтарин мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в.с.) чист? Ҷавоб: Қуръони маҷид. Савол: Қуръон чанд ҷузъ дорад? Ҷавоб: Сӣ ҷузъ дорад. Савол: Калимаи "Бисмиллоҳ" чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст? Ҷавоб: 114 маротиб. Савол: Сураҳои Қуръон чандто ҳастанд? Ҷавоб: 114 сура. Савол: Кадом сураи Қуръони карим бе "Бисмиллоҳ" оғоз шудааст? Ҷавоб: Сураи Тавба. Савол: Аввалин ояте, ки ба воситаи Ҷабраил нозил шуд, кадом оят аст? Ҷавоб: Сураи "Алақ" (Иқраъ бисми раббика-л-лазӣ халақ). Савол: Ҷабраил (а.с) кист? Ҷавоб: Ҷабраил яке аз чор фариштаи муқарраб аст.Муқарраб наздик ба Парвар-дигор. Савол: Бузургтарин сура дар Қуръон чӣ ном дорад? Ҷавоб: Сураи "Бақара". Савол: Хурдтарин сура дар Қуръон кадом сура аст? Ҷавоб: Сураи"Кавсар". Савол: Сурае, ки фазилати он баробар бо рубъи (чоряки) Қуръон аст чӣ ном до-рад? Ҷавоб: Ёсин ва Ал-кофирун. Савол: Нисфи Қуръон кадом сура аст? Ҷавоб: Сураи Фотиҳа ва "Ал- залзала". Савол: Умул (ҷавҳари) Қуръон кадом сура аст? Ҷавоб: Сураи Фотиҳа. Савол: Вақти тиловати Қуръон вазифаи мо аз чӣ чиз иборат аст? Ҷавоб: Истимоъ ва сукут (гӯш кардан ва хомӯш истодан). Савол: Чанд сураи Қуръон дар Макка нозил шудааст? Ҷавоб: 86 сура. Савол: Чанд сураи Қуръон дар Мадина нозил шудааст? Ҷавоб: 28 сура. Савол: Саид (некбахткунанда)-и оёти Қуръон чи ном дорад? Ҷавоб: Оятал-курсӣ. Савол: Бузургтарин ояти Қуръон чӣ ном дорад? Ҷавоб: Боз Оятал-курсӣ. Савол: Кадом сура ба қалб (дил)-и Қуръон машҳуртар аст? Ҷавоб: Сураи "Ёсин" Савол: Беҳтарин ва афзалтарин анбиё ва расул кист? Ҷавоб: Ҳазрати Муҳаммад (С.А.В.С). Савол: Лафзи "АЛЛОҲ" чанд маротиба дар Қуръон омадааст? Ҷавоб: 980 маротиба. Савол: Кадом Паёмбар бо амри Худо бе падар ва бе модар таваллуд шуд? Ҷавоб: Ҳазрати Одам (А.С). Савол: Кадом Паёмбар аз модар бе падар, бо фазли Худо ба дунё омадааст? Ҷавоб: Исо (А.С) аз Марям. Савол: Теъдоди анбиё ва расулон чандтоанд? Ҷавоб: Анбиё 124 ҳазор, расул 313 адад, ки номи 25- то аз онҳо дар Қуръон омадааст. Савол: Кадом Паёмбар рузи ид бутҳоро шикаст? Ҷавоб: Ҳазрати Иброҳим (А.С). Савол: Кадом Паёмбар аст, ки Худованд ӯро дар ибодат ба монанди як уммат васф мекунад ? Ҷавоб: Ҳазрати Иброҳим (А.С). Савол: Ҳарфе, ки дар байни Қуръон ҷой гирифтааст чист? Ҷавоб: Ҳарфи (Фо) дар "валяталаттаф" (сураи Каҳф ояти 19). Савол: Оятҳои Қуръон чандтоянд? Ҷавоб: 6226 оят. Савол: Теъдоди ҳуруфи Қуръон чандто аст? Ҷавоб: 340740 ҳарф. Савол: Чанд маротиб аз Ҷаннат дар Қуръон зикр шудааст ? Ҷавоб: 66 маротиб. Савол: Чанд маротиб аз оташ дар Қуръон зикр шудааст? Ҷавоб: 126 маротиб. Савол: Номи Ҳазрати Исо (А.С) чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст? Ҷавоб: 25 маротиб. Савол: Чанд маротиб дар Қуръон аз Ҳазрати Одам (А.С) ёд шудааст? Ҷавоб: 25 маротиб. Савол: Номи Ҳазрати Мусо (А.С) чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст? Ҷавоб: 131 маротиб зикр шудааст. Савол: "Абулбашар" лақаби кист? Ҷавоб: Одам (А.С). Савол: Паёмбароне, ки аз онҳо дар сураи Аъроф ёд шудааст кадоманд? Ҷавоб: Одам, Нӯҳ, Ҳуд, Солиҳ, Лут, Шуъайб, Мусо (А.С). Савол: Лафзи намоз дар Қуръон чан маротиб зикр шудааст? Ҷавоб: 105-маротиб. Савол: Рамазон дар Қуръон чанд маротиб зикр шудааст? Ҷавоб: 9-маротиб. Савол: Закот чанд маротиб дар Қуръон зикр гардидааст? Ҷавоб: 74-Маротиб...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев