АЪУЗУ БИКА МИН ШАРРИ МА САНАЪТУ АБУЪУ ЛАКА БИНИЪМАТИКА ЪАЛАЙЯ ВА АБУЪУ БИЗАНБИ ФАҒФИР ЛИ ФАИННАҲУ ЛА ЯҒФИРУЗ ЗУНУБА ИЛЛА АНТА . " ( Яъне Худоë , Парвардигори ман Туӣ , Худоë ҷуз Ту вуҷуд надорад, маро Ту халқ кардаӣ ва ман бандаи Туам ва ман ба аҳди ва ваъдае , ки ба Ту бастаам истодам , ба неъмати Ту иқрор мекунам ва ба гуноҳони худ эътироф менамоям , пас маро бибахшой , зеро ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад ) . Ва фармуданд: " Касе , ки ин истиғфорро дар руз аз таҳди дил бигӯяд ( яъне: ба мазмуни он яқини комил дошта бошад ) ва дар ҳамон рӯз пеш аз он , ки шом шавад бимирад , аз аҳли биҳишт аст ва касе , ки онро дар шаб аз таҳти дил бигӯяд , (дар ҳамон шаб ) пеш аз он , ки субҳ шавад , бимирад , аз аҳли биҳишт аст. " (РАВОҲУЛ БУХОРИ )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Дили ғофил бикун тавба...
Фоидаҳои тавба кардан...
Марде назди Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) омад ва гуфт:
Муддате аст, ки издивоҷ кардаам, аммо соҳиби фарзанд нашудаам.
Имом Ҳасани Басрӣ фармуданд: бирав истиғфор ва тавбаи бисёр кун!
Мард рафт ва чанд моҳ пас дубора дар маҷлиси Ҳасани Басрӣ ҳозир шуд ва изҳори хушҳоли намуда гуфт, ки занам ҳомила аст.
Марди дигаре назди Ҳасани Басрӣ омад ва аз фақирию нодорӣ, шикоят кард!
Имом фармуданд: Бирав ва зиёд истиғфор кун!
Гуруҳи дигаре омаданд ва аз қаҳтию хушксоли шикоят намуданд!
Имом Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) боз фармуданд: Биравед истиғфор кунед!
Марде дигаре омад ва аз нозо будани занаш шикоят кард!
Имом фармуданд: Бирав ва истиғфор кун!
Шогирдоне, ки дар маҷлисаш буданд, ба имом гуфтанд:
Ҳар кас барои ҳар мушкили меояд; мефармоед, ки истиғфор кун!
Далел чист???
Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) фармуд:
Аллоҳи Меҳрубон дар Қуръон мефармояд:
( ﻓَﻘُﻠْﺖُ ﺍﺳْﺘَﻐْﻔِﺮُﻭﺍ ﺭَﺑَّﻜُﻢْ ﺇِﻧَّﻪُ ﻛَﺎ...ЕщёБа номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон!
Дили ғофил бикун тавба...
Фоидаҳои тавба кардан...
Марде назди Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) омад ва гуфт:
Муддате аст, ки издивоҷ кардаам, аммо соҳиби фарзанд нашудаам.
Имом Ҳасани Басрӣ фармуданд: бирав истиғфор ва тавбаи бисёр кун!
Мард рафт ва чанд моҳ пас дубора дар маҷлиси Ҳасани Басрӣ ҳозир шуд ва изҳори хушҳоли намуда гуфт, ки занам ҳомила аст.
Марди дигаре назди Ҳасани Басрӣ омад ва аз фақирию нодорӣ, шикоят кард!
Имом фармуданд: Бирав ва зиёд истиғфор кун!
Гуруҳи дигаре омаданд ва аз қаҳтию хушксоли шикоят намуданд!
Имом Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) боз фармуданд: Биравед истиғфор кунед!
Марде дигаре омад ва аз нозо будани занаш шикоят кард!
Имом фармуданд: Бирав ва истиғфор кун!
Шогирдоне, ки дар маҷлисаш буданд, ба имом гуфтанд:
Ҳар кас барои ҳар мушкили меояд; мефармоед, ки истиғфор кун!
Далел чист???
Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) фармуд:
Аллоҳи Меҳрубон дар Қуръон мефармояд:
( ﻓَﻘُﻠْﺖُ ﺍﺳْﺘَﻐْﻔِﺮُﻭﺍ ﺭَﺑَّﻜُﻢْ ﺇِﻧَّﻪُ ﻛَﺎﻥَ ﻏَﻔَّﺎﺭًﺍ )
( ﻳُﺮْﺳِﻞِ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﺀَ ﻋَﻠَﻴْﻜُﻢْ ﻣِﺪْﺭَﺍﺭًﺍ )
( ﻭَﻳُﻤْﺪِﺩْﻛُﻢْ ﺑِﺄَﻣْﻮَﺍﻝٍ ﻭَﺑَﻨِﻴﻦَ ﻭَﻳَﺠْﻌَﻞْ ﻟَﻜُﻢْ ﺟَﻨَّﺎﺕٍ ﻭَﻳَﺠْﻌَﻞْ ﻟَﻜُﻢْ ﺃَﻧْﻬَﺎﺭًﺍ )
(сураи Нуҳ/10-12)
Дар ин оятҳо Аллоҳ ишора мекунад, ки бо истиғфор Худованд борон медиҳад, мол ва фарзанд медиҳад...
• Истиғфор сабаби зиёд шудани қудрат!
Дар оёти дигар Худованд аз забони ҳазрати Ҳуд мефармояд:
( ﻭَﻳَﺎ ﻗَﻮْﻡِ ﺍﺳْﺘَﻐْﻔِﺮُﻭﺍ ﺭَﺑَّﻜُﻢْ ﺛُﻢَّ ﺗُﻮﺑُﻮﺍ ﺇِﻟَﻴْﻪِ ﻳُﺮْﺳِﻞِ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﺀَ ﻋَﻠَﻴْﻜُﻢْ ﻣِﺪْﺭَﺍﺭًﺍ ﻭَﻳَﺰِﺩْﻛُﻢْ ﻗُﻮَّﺓً ﺇِﻟَﻰٰ ﻗُﻮَّﺗِﻜُﻢْ ﻭَﻟَﺎ ﺗَﺘَﻮَﻟَّﻮْﺍ ﻣُﺠْﺮِﻣِﻴﻦَ )
"Эй қавми ман, истиғфор намоед аз Парвардигоратон ва тавба кунед, Худованд осмонро бароятон меборонад ва бар қувват ва қудрати шумо меафзояд" (сураи Ҳуд/52)…
Истиғфор боиси азоб накардани Худованд мешавад.
( ﻭَﻣَﺎ ﻛَﺎﻥَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻟِﻴُﻌَﺬِّﺑَﻬُﻢْ ﻭَﺃَﻧْﺖَ ﻓِﻴﻬِﻢْ ۚ ﻭَﻣَﺎ ﻛَﺎﻥَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻣُﻌَﺬِّﺑَﻬُﻢْ ﻭَﻫُﻢ
ْ ﻳَﺴْﺘَﻐْﻔِﺮُﻭﻥَ )
"Худованд азобашон намедиҳад то замоне, ки ту дар миёнашон бошӣ ва Худованд азобашон намедиҳад замоне, ки истиғфор менамоянд." (сураи Анфол/33)…
Пас истиғфор бикунем, ки бисёр муфид аст.
Астағфируллоҳ…
Астағфируллоҳ…
Астағфируллоҳ…