Предыдущая публикация
Дари умеду армонро ба рӯям баста мерафтам.
Дилам бо суръати кайҳонӣ чун девона пар мезад,
Агарчанде ки андар кӯчаҳо оҳиста мерафтам.
Ба ту гуфтам, ки мемирам, бе ту ман намемонам,
Чӣ бо ин содагӣ аҳди худам бишкаста мерафтам
Зиёрат карда гӯри Лайливу садҳо шаҳидонро,
Ба рӯҳи куштагони ишқ чунон пайваста мерафтам.
Аз ин зиндони ҳастӣ ноумеду хаставу афгор,
Зи дасти зулму ғамҳои ҷаҳонӣ раста мерафтам.
Чӣ бозиест тақдирҳои мо норозием аз он,
Ба сӯйи ноумеде ҷониби ҳамдаста мерафтам.
1.05.2022
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев