Хар шикасти зиндагиро пушти у бошад зафар,
Лек бемехрию худбини кунем чун куру кар,
Тарки дунё менамоем бехабар аз хамдигар.
Захри котилро бидонему,вале гуем асал,
Фахри давлат кардаву дури кунем,аз камбаг’ал,
Хеч кас пинхон намегардад,аз дасти ачал,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Дар талоши зиндагони мешавем сарсону пир,
Дар диёри г’уссаву дар мулки г’урбат чун асир,
Харфи бечо мезанем бар хамдигар монанди тир,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Баъди марги дустон,пурсем акси ёдгор,
Вакти дар олам будан харгиз набошад эътибор,
Канда буд занчири пайвандии хешию табор,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Суд нест,гуем,ки инсони накую пок буд,
Суд нест,гуем,ки хеле одами бебок буд,
Суд нест,гуем баъди марги у,чолок буд,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Эй бародар,мард бошу додарат ог’уш гир,
Киблагохи сарпаноху,модарат ог’уш гир,
Чун бародарвор боре,хохарат ог’уш гир,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Марг ояд у намепурсад,чи руъё мондааст...
Чи муроди нотамом дар руйи дунё мондааст,
Катра боши мерави,вакте,ки дарё мондааст,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Махкампур,хар суруди ту маро хушёр кард,
Хоб будам то кунун,харфат маро бедор кард,
Шукр мегуям,агар-чанде,ки кисмат хор кард,
Тарки дунё менамоем,бехабар аз хамдигар.
Jamshedi Mahkampur!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев