Ба ёди ман замони кӯдакӣ зи деҳа мерасад. Ягонамодарам Саҳар, ки пештар зи офтобу ман Ба рӯйи сабзи деҳа чашм мекушод, Маро чунин хитоб менамуд: "Бихез, эй писар, Ки офтоб кӯҳи Говғалтро гузашт, Зи баъди офтоб хестан камоли танбалист"! Ҳамеша орзуи кӯдаким буд ҳамин, Ки кӯҳи Говғалт кош аз ин баландтар шавад Ва офтоб дертар ба он расад Ва модарам маро зи дасти хоб дертар ҷудо кунад. Ин орзуи кӯдакии хешро Ҳазор бор дидаам ба хоб. Кунун, ки дур мондаам зи кӯҳу деҳ, Агар ба хоб меравам, Чу модарам Ҳамеша пештар зи офтоб чашм боз мекунам, Ки офтоб рамзи модари ман аст, Барои бехабар намондан аз насиби рӯзҳои рӯзгори хеш Баҳонаи тилоияст. Саҳар зи кӯҳи Говғалт Офтоби деҳа рӯнамоӣ мекунад, Ба ёди ман замони кӯдакӣ зи деҳа мерасад... ***** Говғалт - номи кӯҳ аст дар зодгоҳи муаллиф, ки тулӯи офтоб дар деҳа аз ҷониби ҳамон кӯҳ мебошад. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон дар замони дуре аз он кӯҳ ду гови деҳа сарбазер рафтааст ва аз он рӯз номи кӯҳ Говғалт аст. Бузургмеҳри Тоҷиддин 3 октября в 15:47 · Доступ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев