Предыдущая публикация
Он яке бечора дандон дошт, аммо нон надошт.
Онки имон дошт рӯзӣ мерасад, бечора буд,
Онки дар амволи дунё ғарқ буд, имон надошт.
Як нафар фирдавсро арзон ба мардум мефурӯхт,
Нақшаҳо, к-ӯ дошт дар пиндори худ шайтон надошт.
Як нафар ҳар шаб фурӯ мерафт дар гирдоби дард,
Як нафар мехост дастшро бигирад ҷон надошт.
Дашт бовар дошт гурге дар миёни галла буд,
Ман намедонам чаро бовар саги чӯпон надошт?
Сарвҳои ҷангали сарсабзро сар мезаданд,
Ҳеч эҳсосе ба ин куштор, ҷангалбон надошт.
Як нафар полони харро дар миёни хона пинҳон карда буд,
Як нафар бар пушти хар мерафту хар полон надошт.
Ҳар куҷо дасти ниёзе буд дар сӯе дароз,
Раъяти бечора бахшиш дошт, аммо хон надошт....
(???)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1