Якум, ин ки уро Сиддиқ ном гузошт, ин номро ба каси дигаре нагузошта буд.
Дувум ин ки уро шарики Паёмбараш дар Ғор гардонд,
Паёмбар (с) гуфт: Абубакр соҳибу анисам дар ғор буд.(Ривояти имом Аҳмад)
Паёмбар (с) ва Абубакр, дар ғор ду шахсе буданд ки сеюмини онҳо Худованди бузург буд. Вақте ки мушрикон дар ҷустуҷуи онҳо буданду ба дари ғор наздик шуданд, Абубакр гуфт:
Эи Паёмбари Худо! Агар якеи аз онҳо ба зери қадамаш назар кунад моро мебинад. Сипас Паёмбар гуфт:
"Ту чи гумон дори эй Абубакр, ба он ду шахсе ки сеюмини онҳо Оллоҳ таъоло аст." (Ривояти Бухори )
Ва ин фазилат хос ба Абубакр аст, ки касе аз саҳобаҳо ба у шарик нестанд, Ва Паёмбар (с) дар ғор, вакте ки ғамгинии Абубакрро дид гуфт:
Ғамгин машав! Худованди бузург ҳамроҳи мост. Ва дар он ҷо ғайри Паёмбар ва Абубакр касе набуд.Ва ногуфта намонад ки ғамгинии ҳазрати Абубакр аз тарси ҷони худаш набуд балки у аз ин ғамгин буд ки ба Паёмбар (с) аз мушрикон ягон осебе нарасад.
Сеюм ин ки уро рафиқи ҳиҷрати Паёмбараш гардонд.
Чаҳорум ин ки Паёмбар (с) дар ҳаёташ уро амр кард, ки пеш даромада намози мардумро бихонад, ва худаш ҳам аз пушти У намоз хонд, дар ҳоле ки тамоми мусалмонон шоҳиди ин ҳол буданд.
Панҷум ин ки дар ҳаёташ, ягон маротиба арақ нанушида дар ҳоле ки арақнуши пеш аз ислом, дар миёни мардуми араб як одати одитарине буд.
Шашум ин ки Дар ҳаёташ, ягон бут ё санамеро ибодат накарда буд, агарчи бутпарасти дини аҷдодони он мардум буд, ва аз забонаш, ягон бор сухани дуруғ шунида нашуда буд, балки ростгуюу, ростқавл буд. Ин сифатҳо дар касе ғайри Абубакр разияллоҳу анҳу - ёфт намешуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев