Муҳаммад Мустафо ,
Ҷони ман бодо фидоят, ё
Мухаммад Мустафо .
Шуд туфайли нури покат оламу
одам дигар ,
Ҷону дил андар ҳавоят, ё
Муҳаммад Мустафо .
Дар шаби Меъроҷ диди Аршу
Курсиву Биҳишт ,
Додааст ҳиммат Худоят ё
Муҳаммад Мустафо .
Туҳфа оварди зи Меъроҷ эй ҳабиби
инсу ҷон ,
Бахри умматҳо ҳидоят ё
Муҳаммад Мустафо .
То намонад дар залолат осиву ҷофи
яқин ,
Ҷумларо карди ҳимоят, ё
Муҳаммад Мустафо .
Ҳар киро бар қавли ту гуфтору
рафтораш бувад ,
Мекуни бар вай иноят, ё
Муҳаммад Мустафо .
Он чи фармони Худо гуфти барои
умматон ,
Насси Қуръон оят-оят, ё Муҳаммад.
Мустафо .
Ҳар касе баҳри даво пеши ту омад
чораҷу ,
Як назар суяш кифоят, ё
Муҳаммад Мустафо .
Ҳар ки кард таклифи меҳмони ғани
ё ки фақир ,
Бишкуфад таъби расоят,ё
Муҳаммад Мустафо .
Эй сари ман хоки поят ҷони ман
Қурбони Ту ,
Қоилам андар вафоят,ё
Муҳаммад Мустафо .
( с.а.в )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18