Яке бечораву танҳо, яке лабташна дар
саҳро ,
Яке бедард, бепарво, аҷаб дунёст ин
дунё!
Яке чун моҳие дар шаст, яке бепул, яке пулмаст,
Яке
бепо, яке бедаст, аҷаб дунёст ин дунё!
Яке бо лаъли хандон аст, яке бо чашми гирён
аст,
Яке
бо ҷони ларзон аст, аҷаб дунёст ин дунё!
Яке ёри вафодор аст, яке бераҳму ҷаббор аст,
Яке муштоқи дидор аст, аҷаб дунёст ин дунё!
Яке
аз одами дур аст, зи сарват масту маъмур аст,
Ба
фикраш, аз Худо зӯр аст, аҷаб дунёст ин дунё!
Яке дар қайди зиндон аст, зи аъмолаш пушаймон
аст,
Дилаш лабрези армон аст, аҷаб дунёст ин
дунё!
Яке аз бача безор аст, яке бар нохунаш зор
аст,
Ба ёди бача бемор аст, аҷаб дунёст ин дунё!
Яке дур аз Ватан бошад,