Гӯем аз дилу ҷон, салавот бар Муҳаммад.
Гар мӯъминиву содиқ, бо мо шави мувофиқ,
Кӯрии ҳар мувофиқ, салавот бар Муҳаммад.
Дар осмон фаришта, меҳраш ба ҷон нишаста,
Бар Арш хуш навишта, салавот бар Муҳаммад.
Салавот агар бигуи, ёби ҳар он чи ҷуи,
Гар ту зи хайли уи, салавот бар Муҳаммад.
Эй нури дидаи мо, хуш маҷлисе биёро,
Меги хуши Худоро, салавот бар Муҳаммад.
Монанди гул шукуфтем, дурри латиф суфтем,
Хуш ошиқона гуфтем: салавот бар Муҳаммад.
Валлоҳ, ки дидаи ман, аз нури уст равшан,
Ҷони ман асту ман тан, салавот бар Муҳаммад.
Гуфтем бо дилу ҷон, бо ошиқони гирён,
Шодии руии ёрон, салавот бар Муҳаммад.
Гуям дуои Саид, хонам санои Саид,
Ҷонам фидои Саид, салавот бар Муҳамма
......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев