Фақиреро бо либоси пора-пора ва кўҳна дидам. Умре аз ў гузаштаву осори гуруснагӣ ва ташнагӣ аз қиёфааш маълум буд. Ўро, дар ҳоле ки ба пушт хобида буд, дар назди бонке мушоҳида намудам, ки дар хоби амиқ фурў рафтаву нури хуршед ба ў метобид, вале ў гармои онро эҳсос намекард. Дар канори ў истода, дар ҳоле ки ба ў менигаристам, ба худ гуфтам: Субҳоналлоҳ, байни ин фақиру бинои бонк бештар аз чанд метр фосилае намондааст. Ба Худо қасам, ки мо дар ҷаҳони пуртазодде зиндагӣ мекунем. Даст ба ҷайбам бурдам, вале ҳаракати аҷиберо дар он эҳсос кардам. Бо дастам он чизи ларзандаро гирифта, аз ҷайбам берун овардам ва вақте дидам, ки он чизи ҷунбанда динорест, дар ҳайрат афтодам. Ба динор гуфтам: Чаро дар ҷайбам ин тарафу он тараф ҳаракат мекардӣ? Динор: Ман хеле вақт шуд, ки дар ҷайби шумоям, аммо бо ман ба тавре ки мебояд ва ҳадафи вуҷуди ман аст, рафтор накардӣ. Гуфтам: Ҳадаф аз вуҷуди ту чист? Динор: Сарф кардани ман барои ҳазинаи хонаводаву волидайн, рафъи эҳтиёҷоти шахсӣ ва баровардани эҳтиёҷоти ҳама мусулмонон, монанди кўмак ба мустамандон ва шод кардани ятиме ва… Гуфтам: Ту чӣ гуна пеши ман омадӣ? Динор: Ин қиссаи тўлониест. Ман хеле даст ба даст гаштам: шахсе ба василаи ман шароб харид, дигаре филмҳои ғайри ахлоқӣ, саввуми маро ба дигарон ба унвони ришва пардохт… ва акнун ту чизе ба вай фурўхтӣ ва маро аз ў гирифтӣ. Бе шак, ҳама онҳое, ки дар ҷайбашон будам, бештар бандагони пул буданд, вале дар мавриди ту феълан қазоват карда наметавонам. Пурсидам: Чӣ гуна фаҳмидӣ, ки онҳо ҳама бандагони пул буданд? Динор: Аз тарзи муносибати онҳо бо ман, зеро ҳеҷ яке аз онҳо маро дар роҳи хайр харҷ накарданд. Чунончи Ҳасани Басрӣ фармудааст: Ҳар уммате бутеро мепарастиданд ва бути ин уммат динору дирҳам аст.Гуфтам: Ту хело хатарнокӣ!Динор: Оре, ман хело хатарнокам, аз ин рў, бо ман дуруст рафтор кун, то Худованд ба сабаби ман туро азоб надиҳад ва аз онҳое, ки қаблан дар наздашон будам, ибрат бигир. Онҳо гуноҳонро мекоштанд, вале умед бар ҳисоб доштанд. Магар мешавад, ки хор кишт намоию интизори ангур дошта бошӣ?! Акнун, маро ба фақире, ки дар пеши туст, бидеҳ, то бо хости Худо дар рўзи қиёмат ба фоидаи ту шаҳодат диҳам ва саъй кун, ки аз ин пас ҳамеша эҳсосе монанди эҳсоси Ибни Айинаро дошта бошӣ.Пурсидам: Ибни Айина кист ва эҳсоси ў чӣ гуна буд? Динор: Суфён ибни Айина яке аз тобеин буд, ки дар хайру саховат назир надошт, ба гунае ки яке аз ёронаш ҳикоят мекунад, ки шабе дар манзили Суфён будам, ки ногоҳ гадое дари хонаи ўро кўбид, аммо Суфён чизе надошт, ки ба вай бидиҳад, аз ин рў, бисёр гирист. Пурсидам: Чаро гиря мекунӣ? Гуфт: Оё мусибате болотар аз ин мешавад, ки шахсе аз ту интизори хайре дошта бошаду ту тавони баровардани онро надошта бошӣ?! Гуфтам: Субҳоналлоҳ, воқеан, ки ин эҳсоси бисёр латифест. Динор: Ту ҳам ин гуна бош ва қадри фурсатҳои зиндагиатро бидон, махсусан, дар ҷавонӣ бештар бикўш, то Худованд низ подошатро чанд баробар кунад. Пурсидам: Магар байни касе, ки дар ҷавонӣ садақа медиҳад, аз садақа доданаш дар пирӣ тафовуте ҳаст? Динор: Оре, шахсе назди Расулаллоҳ(с) омада пурсид: Эй Расулаллоҳ, савоби кадом садақа бештар аст? Расулаллоҳ (с) фармуднд: Вақте ки тандурусту солим ва аз фақр дар ҳарос бошӣ. Маънои фармоиши Расули акрам(с) аз тандурустӣ бархўрдорӣ аз бадани солим аст, зеро чунин инсоне маъмулан табиати бухл дорад, чаро ки нисбат ба моли дунё дар қалби худ муҳаббати шадиде эҳсос карда, аз фақр метарсад. Ибни Баттол мегўяд: Бо таваҷҷўҳ ба ин ки эҳсоси бухл дар синни ҷавонӣ ғолибан шадидтар аст, садақа ва эҳсон кардан низ дар ин давраи зиндагӣ дорои садоқате бештар ва савоби бузургтарест. Бар хилофи даврони пирӣ, ки инсон дар ин давра рағбате ба моли дунё надорад, чун мебинад, ки моли ў дар ояндаи наздик ба дигаре хоҳад расид. Гуфтам: Эй динор, ту бароям дарҳоеро кушодӣ, ки қаблан бароям комилан баста буданд… Сипас пурсидам: Оё тассаввур намекунӣ, ки ту дар ин дунё сабаби фитнаву фасодӣ? Динор: Оре, ман фитнаангезам! Чӣ басо олимоне, ки ба хотири ман фиреб хўрданд ва чӣ басо зоҳидоне, ки… ва чӣ басо… ва чӣ басо…! Ҳама онҳо девона ва маҷнуни динору дирҳам буданд. Аз ин рў, баъзе касонеро мебинӣ, ки дар хўрдану нўшидан ва сару либос пурра ба суннати Расули Худо (с) пайравӣ мекунанд, аммо тоби муқовимат дар баробари шунидани ҷаранг-ҷаранги дирҳаму динорро надоранд. Бо тааҷҷуб пурсидам: Чӣ гуна? Дар ҳоле ки ба гуфтаи ту, онҳо ба суннату шиори динӣ мутамассиканд! Динор: Дўстам, ин фитна аст ва ту набояд фиреби зоҳирии онҳоро бихўрӣ. Гуфтам: Рост мегўӣ, аз Худованди мутаол талаб дорам, ки маро аз ту бе ниёз гардонад ва аз шарри фитнаат дар амон дорад. Динор: Акнун маро ба ин фақир бидеҳ, то Худованд туро дўст дорад ва ман низ сабаби фузунии подошат шавам. Гуфтам: Бале, ман ҳам инро хуб медонам. Наздики он фақир нишаста, дастамро бар рўйи синааш гузоштам ва ўро ҷунбонида, гуфтам: Бародар…Бародар…Мард бо як изтиробу ҳаяҷон чашмонашро боз кард.Гуфтам: Натарс, ман одамеам, ки ба ту накўӣ мехоҳам. Биё, ин динорро бигир ва онро барои дур кардани ниёзҳоят харҷ намо…Ў нишаст, вале аз гирифтани динор ор карда, гуфт: Ман гадо нестам. Гуфтам: Бале, ман ҳам инро хуб медонам, аммо инро ҳам медонам, ки ту ба он сахт ниёзманд ҳастӣ. Ў динорро аз ман гирифт ва зери лаб замзамакунон дуои хайре бароям кард: Молро тўшае барои охиратат ва дунёро пуле барои он бидон…
IslamTaj.com Аз саҳифаи Facebook-и Шероз Файзиев


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7
Чанд равиши муассир барои беҳтарин падар будан:
1- Ба ҳамсари худ меҳрубон бошед
Дониста бошед, ки писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гунае рафтор мекунанд, ки шумо имрӯз бо ҳамсаратон(модари онҳо) рафтор мекунед.
Муҳимтарин бахши зиндагӣ, ки шумо барои фарзандонатон омода мекунед, издивоҷу хонавода аст ва беҳтарин навъи омодасозӣ ин зиндагӣ кардани кӯдак бо падарест, ки модарашро бисёр дӯст дорад.
2- Марди комил бошед
Агар шумо ба кӯдаки худ дӯстдорӣ намоед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод кунед, дар назари кӯдак суханҳои меҳрубононаи шумо арзиши худро гум мекунад, зеро ӯ рафтори шуморо мувофиқи гуфторатон намебинад.
3- Вақтеро махсус барои бозӣ бо кӯдакон гардонед
Бачаҳо медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва афроде сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳиманд. Аз ин рӯ, тавре барномарезӣ кунед, ки тавонед, то замонеро бо фарзандонатон бигузаронед, чунки ин муҳаббати онҳоро нисбати шумо зиёд менамояд ва дар тарбияи онҳо на...ЕщёЧИГУНА ПАДАРИ БЕҲТАРИН БОЯД БУД?
Чанд равиши муассир барои беҳтарин падар будан:
1- Ба ҳамсари худ меҳрубон бошед
Дониста бошед, ки писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гунае рафтор мекунанд, ки шумо имрӯз бо ҳамсаратон(модари онҳо) рафтор мекунед.
Муҳимтарин бахши зиндагӣ, ки шумо барои фарзандонатон омода мекунед, издивоҷу хонавода аст ва беҳтарин навъи омодасозӣ ин зиндагӣ кардани кӯдак бо падарест, ки модарашро бисёр дӯст дорад.
2- Марди комил бошед
Агар шумо ба кӯдаки худ дӯстдорӣ намоед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод кунед, дар назари кӯдак суханҳои меҳрубононаи шумо арзиши худро гум мекунад, зеро ӯ рафтори шуморо мувофиқи гуфторатон намебинад.
3- Вақтеро махсус барои бозӣ бо кӯдакон гардонед
Бачаҳо медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва афроде сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳиманд. Аз ин рӯ, тавре барномарезӣ кунед, ки тавонед, то замонеро бо фарзандонатон бигузаронед, чунки ин муҳаббати онҳоро нисбати шумо зиёд менамояд ва дар тарбияи онҳо нақши муҳимеро мебозад.
4- Ба фарзандонатон ёд диҳед, то қадри худро донанд
Фарзандон қадри худ ва арзиши кори худро аз қадрдонии падару модар мешиносанд, аз ин рӯ, қадрдонии волидайн аз фарзандон таъсири босазое дар тамоми зиндагии онҳо мегузорад.
5- Ҳаммонанди як хонавода гуфтугӯ кунед
Як хонаводаи муттаҳид, ба фарзандонаш эҳсоси амният медиҳад. Ҳадди ақал як ваъдаи ғизоиро бо хонаводаатон сарф кунед ва дар ҳамон ҳол дар мавриди иттифоқоти он рӯз бо ҳам суҳбат кунед. Ҳадди ақал бахше аз шабро ба унвони як хонавода бигузаронед, на ба тамошои телевизор.
6- Тарбияти падарона кунед.
Ба хотири хашми худ фарзандонатонро танбеҳ надиҳед, то фарзанд мушоҳида кунад, ки адаб кардан ва дӯст доштан, ду чизи зид ва мухолифи ҳам нест.
7- Аз нишон додани bэҳсоси муҳаббатомези худ наҳаросед.
Ба забон овардани калимоти муҳаббатомез ва ошкор намудани эҳсосот дар тарбияти фарзандон аҳамияти босазое дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки кӯдаконе, ки аз меҳрубонии падару модар маҳруманд, ҳамеша мекӯшанд, то ба кадом роҳе, ки бошад, ба он ноил шаванд. Ба ин хотир, меҳрубонии худро нисбат ба фарзандонатон ошкор намоед ва боиси саргаштагии онҳо нашавед.
Сомонаи фарҳангӣ IslamTaj
Якчанд ба устодии худ шод шудем.
Поёни сухан шунав, ки моро чи расид,
Чун абр дар омадему чун бод шудем.