Ҳаркиро дар роҳи дониш раҳбару устод
нест,
Пояи илмаш харобу боми ӯ обод нест.
Гарчи дорад пояке дар роҳгарди илму
фан,
Мояи фахре набошад дар паяш бунёд
нест.
Ҳар қавибозӯ,ки шавқи паҳлавонӣ
мекунад ,
Бесутунро об созад ,лек чун Фарҳод
нест.
Киштиро гар нохудое* нест дар баҳри
амиқ ,
Ғарқ гардад бешаке,чунки варо имдод
нест.
Бе муаллим саҷда кардан сад сол
девонагист,
Ҳаст чун саҷҷодашине, лек чун
Саҷҷод* нест.
Қадри устодҳам ба сони гардиши боду
ҳавост,
Баста гардад ин нафасҳо гар ба рӯяш
бод нест.
Он,ки илм омухт бе устод ,бо худ зулм
кард ,
Зулми ӯ бар кишвари фаҳм камтар аз
Шаддод нест.
Эй Муродӣ ҳар бузургу олиму омӯзгор,
Худ агар шогирд набвад дар сафи
устод нест.
Нохудо* -- киштибон.
Саҷҷод* -- мусалло.
(Муродии Хатлонӣ).25.09.2016. с.
МИРКАЛОНОВ МУРОДАЛӢ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2