Армуғон ба азизонам Абдулраҳим ва Муҳаммадшариф Салимпур
Диёри бостони ман,
Нахустин остони ман,
Бихоҳам номи ту монад
Ба шеъру достони ман.
Куҳанбунёд Ғаззи ман,
Куҳанэҷод Ғаззи ман.
Гирифта номи некатро
Занам фарёд, Ғаззи ман.
Ба рўи коғази таърих
Хате бо оби зар ҳастӣ,
Аз оташдони зардуштӣ
Ҳамоно як шарар ҳастӣ.
Даруни синаи халқат
Дили испитамонӣ ҳаст.
Ҳавоятро нафас гирам,
Шавад хуни рагам дар шаст.
Зану марду ҷавону пир,
Ба Искандар муқобил шуд.
Барои ҳифзи нангу ном,
Ҳама якҷону якдил шуд.
Дар он «Анбор»-у «Анбарғаз»
Ҳазорон қисса бинҳуфта,
Ҳазорон қиссаи таърих –
Ҳазорон дарди ногуфта…
Бари «Ҷарри ғуломкуш»-та
Азизоне басо мурда
Ба шодобии ту хуну
Ба дилҳо ормон бурда…
Нафири марду зан дорад
Гиёҳу барги хомўшат,
Намояд қиссаи аъроб,
Ҳамон «Бибикабудпўш»-ат.
Агар ёри Худо бошӣ,
Намегўянд фарзона.
Аҷаб не, марди оқил буд
Даруни «Ғори девона».
Гили «Тўдахароб»-и ту,
Пур аз ҷому пур аз кўза-ст.
Тани ҳар кўза гул дорад -
Намоду рамзи Наврўз аст.
Намоду рамзи Афредун,
Нишони аҳди ҷамшедӣ.
Тани ҳар кўзае дорад,
Намоду акси хуршеде…
Сукути ту садо дорад,
Садои асрҳои пеш.
Шамоли ту наво дорад,
Навои синаҳои реш.
Зи таърих обу гил дорӣ,
Бирезам аз сари тифлам.
Бирезам аз сараш, арзад,
Варо ҳамчун зари тифлам.
Ҷаҳон торик шавад бар ман,
Чароғи ёдат ар куштам.
Фаромўшам намегардӣ,
Ба мисли панди Зардуштам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев