Предыдущая публикация
Яке Искандари давру замон аст,
Дигар дар ҳасрати як бурда нон аст.
Яке шоҳи кунад мисли Сулаймон,
Дигар талбанда монанди гадоён.
Якеро молу сарват беҳисоб аст,
Дигар аз гушнаги дар изтироб аст,
Яке дар ғафлату дар кайфи хоб аст,
Дигар дар меҳнату ранҷу азоб аст.
Заноне аз паи андеша гашта,
Заноне фосиқу фоҳиша гашта,
Зане андар фироки шавҳараш сухт,
Зане номуси худ бо мол бифурухт,
Якеро қайлаву сиху кабоб аст,
Дигар бо ними нону қулти об аст.
Яке беранҷу меҳнат мисли шоҳ аст,
Дигар ҳам ранҷ бурд ҳам хоки рох аст.
Яке зар баҳри хоб бо гулрухон дод,
Дигар аз гушнаги дар роҳ ҷон до.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев