Шукри он чандон кунем, ки зинда бошем дар ҳаёт . Як Расуле чун "Муҳаммад (с)" баҳри моён офарид , Гуфтаҳои вай саросар панду ахлоқ аст ба мо . Бар ҳаёти пайравонаш роҳати ҷон офарид , Ай, мусалмон ба Худою бо Расулаш бош мудом . Ҳар ки нофармониҳо кард з-он шайтон офарид. Дину оинат нигоҳ дор, ки мусалмонзодаи , Шукри он кун, ки туро Аллоҳ мусалмон офарид.. 10:54 Ҳайф аз ин умр, ки бе ёди Худо мегузарад, Ки ҳама рӯз ба сад ҷурму хато мегузарад. Умри ҳар одами ганҷест, ки шарҳаш натавон дод, Ҳайф аз ин ганҷ, ки бо ёву ҳаё мегузарад. Рӯзи охир, ки Худо ҳосили умрат талабад, Андар он рӯз чи гуӣ, ки чиҳо мегузарад. Шайху муллову ва ё қозии шаҳр, Кору бори ҳама бо рую риё мегузарад. Нест пӯшида ҳузури ба худо кори ҳама, Орӣ бас ҳарчи ба хотир ҳамаро мегузарад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев