Сукути хилвати шаб шуд мазорам.
Хар он чи буд бо ман,рафт аз даст,
Ба гури хеш хам лавхе надорам.
Зимин як вакт зери пои мо буд,
Кунун чун торуму гардун баланд аст.
Замин як вакт чавлонгохи мо буд.
Кунун хар чо,ки по монам,каманд аст.
Чахони хобхои бехалалро,
Ачуси баддили кобус бигрифт.
Русуми дардмандиву мурувват,
Зи ахли ёри ишкомуз бигрифт!
Тасодуф як саховат карду онро,
Зи нав бигрифту аз мо човидон бурд.
Хама умедхо сурат набаста!!
Чу пари ках ба дасти бод биспурд.
...Зи аввал кисмати ман бебарор буд.
Пиёда меравам бо шахсаворон.
Чи медонан мардум кистам ман.
Гулеро дида мехохам бахорон.
<<Зи масчид монда,аз майхона ронда>>
Ба хабси хеш побандам хамеша.
Агар хохам бурун оям ман аз худ.
Ба чои дигаре рафтан намеша.
Вале худро гуселонам ба рох боз.
Агар чи гум шудам рози назора.
Ситора аз само афтиду гум шуд,
Само аммо намонда беситора!...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев