یکی میهن و دگرش مادر است!
Du mavjud zi hasti giromitar ast:
Yake Mehanu digarash Modar ast!
Зи ту дурам барои ту, дилам гум мезанад модар,
Барои ҳар садои ту, дилам гум мезанад модар.
Агар як хандаат бинам, шавад сад дард таскинам,
Ба ҳар як хандаҳои ту, дилам гум мезанад модар.
Гаҳе дар чорсуи дил, бимонад пои ман дар гил..
Раҳораҳ бо дуои ту, дилам гум мезанад модар!
Шасту чорумин солгарди баҳори умратон муборак бошад, гавҳари ноёбам, ганҷинаи бебаҳоям, дуогуву раҳнамову нозбардорам, фариштаи заминиам, Модарҷони азизу муътабарам!
Аз номи худам ва аҳли фарзандону наберагон шуморо бо ин рӯзи мавлудатон табрик гуфта аз даргоҳи Аллоҳи Субҳон бароятон умри бардавом, сиҳатии комил рӯзгори хушу зиндагии осударо таманно мекунам, умедворам ки садсолаҳои дигар ба бахти мо фарзандону пайвандонатон зиндаву саломат бошед ва ҳеҷгоҳ рӯи каму чашми наму дили ғамро набинед. Ҳамеша аз Худованд талаб дорамки фарзанди сазовор ба модар бошам, то беминнат қарзи фарзандии хешро дар роҳи хизмат ба модар иҷро намоям!
Дар ин дунё ки бо меҳрат гирифторам, ҳамин кофист,
Зи дуриву зи ҳиҷрони ту беморам ҳамин кофист.
Маро фикри зару дороиву нодорӣ дар сар нест,
Ки аз доройии дунё, туро дорам ҳамин кофист!
Бо эҳтиром аз номи ҷигарбанди муҳоҷиратон Саидакбар Эшонзода!
گر جهان پور شود از خوبی ها ...
به خدا خوبتر از مادر نیست!!!
Гар ҷаҳон пур шавад аз хубиҳо..
Ба Худо хубтар аз модар нест!!!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1