Эҳеее афтатро бин, ту кучову ман кучо. Ҳамин суханро гуфту аз дар баромада дарро ба рӯям пӯшид....
....У фикр мекунад ки як сухани оддие гуфт аммо он сухан сухани одди набуд сухане буд ки дил як сӯ истад сангро пора пора мекард.....
......Баъди ин суханон ҷудоии тӯлоние оғоз шуд ки дар ин миён ӯ ҳамроҳам гап намезад. Чунон менамуд ки ӯ тамоман дигар шудааст ё ӯ Малика нест. Маликаи қалби ман, Маликае ки соли гузашта агар як рӯз наоям мегуфт. --Рузи гузашта набудед ман зиқ шудам мегуфт дигар вуҷуд надошт. Баъзан фикр мекардам ки маликаи ман бухор шудаву дар ҷояш каси дигар омадааст. Бо ин суханҳо дили худро ором мекардам аммо афсус.......
......Дар ин миён чандбораҳо кӯшиш кардам ки миёнамон робита баркарор намоям аммо бенатиҷа......
.....Дустам Курбон робитааш бо Малика хуб буд ва робитаи ман бо дӯстдоштаи ӯ ки Зулайхо ном дошт (духтари холаи Малика ки ӯ ҳам ҳамсинфам буд) хуб буд. Мо ҳамеша кӯшиш мекардем ки барои хуб шудани робитаҳоямон замина гузошта бошем. Шабҳо дар ин маврид нақша мекашидему рӯзҳо аз руи накша кор мекардем. Маҳз ҳамон накшаҳоямон сабаб шуд ки робитаи ҳардуямон ҳам бо дустдоштаҳоямон хуб шуд.....
.......Акнун дигар аз ҷудоиҳо дараке набуд. Мо якҷоя шуда будем. Малика ки саҳариҳо барвакт ба мактаб меомад ба манҳам одат шуда буд ки барвакт биёям.....
...... Ёд дорам ки он замонҳо зимистон буду бомдод кариб соати 7 буд ва ман аллакай соати 7:10 ки ҳоло ҳаво на он кадар равшан буд ман ба мактаб ҳозир мешудам......
(Давом дорад)......
Душанбе 16.12.2022


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
https://ok.ru/profile/555247131973/statuses/155087612823621
https://ok.ru/profile/555247131973/statuses/155226556614725
https://ok.ru/profile/555247131973/statuses/155230261430341