01.09.2017 буд бори аввал по ба даргоҳи илму маърифат гузоштам яъне пас аз 7 соли таҳсил дар дигар муассиса.....
....Аз дар медароям ҳама ношинос танҳо онҳое баҳрам шинос буданд ки аз маҳалли худамон буданду пештар дида будам...
....Дар катори 3юм партаи* 2юм нишастам дар дар пуштам духтарони ношиносе нишастанд ҳарчанд бисёриашонро мешинохтам....
.....Аз рӯзҳои аввали таҳсил яке аз онҳо ки номаш Малика* буд бароям гарм ва самими буд ҳарчанд бо ҳама самими будаму дар муддати кӯтоҳ унс гирифтам аммо ӯ бароям дигар буд. Шояд он духтар низ мисли дигарон рафтор дошт аммо ба чашми ман ба дили ман у дигаргуна метофт яъне маълум ки ба ӯ дил баста будам......
.....Аз байн 1 сол мегузарад ман ин ишкро пинҳони аз ҳама нигоҳ медоштам то ҳади имкон. 1 соли пур аз хотирот пур аз шодиву нишот зеро ҳеҷ кас аз дили ман огоҳи надошт. Бо Малика низ муомилаи хуб доштам соатҳо ҳамроҳаш сӯҳбат мекардем ҳамдигарро масхара мекардем бо ҳам бозиҳо мекардем ва ғайра корҳо. То он даме ки........
....Соли 2 оғоз шуду ҳама ба дарс ҳозир шуданд. Аз ҷумла Маликаҳам.
--Воҳ ин малика бошад?. Хело зебо кадрас ва ҷаззоб шудааст яъне 1 сол бузург шудааст. Ин ҳусни Малика боз маро шефтаи худ кард ҳарчанд дӯсташ медоштам ин водор сохт ки боз сахттар дуст дорам ва ҳамин тавр ҳам шуд ва ман ба Малика сахт дил бастам ва инро то ҳол пинҳон мекардам аз ҳама танҳо Дустам Курбон* медонисту халос........
......Соли 2юми таҳсил дар онмуассиса бо хушу хурсанди оғоз шуд. Ҳамаи ҳамсинфон аз таътили тобистонаи худ мегуфтанду хушҳоли мекарданд. Аммо ман чи? Ман ба дили худ аз нодиданҳо ва пазмониҳо мегуфтам. Ҳама хушҳол аммо ман ба дил як бори гароне доштам ки ғамам медод. Ин ишки ҳамон духтар.....
.......Рӯзҳо сипари шуданду то ҳадде ман ин ишкамро пинҳон кардам аммо рузе аз рузҳо вакте Малика омад худро дошта натавонистам ва изҳори муҳаббат кардам ва гуфтам
--Малика туро ман дуст медорам ту дар дили ман чунон ҷой гирифтаи ки наметавонам берунаш кунам. Аз ғами ишқи ту ман на рӯзҳо ороми дораму шабҳо хоб. Баъди гуфтани ин суханҳо Маликаи калби ман медонед чи кор кард?!......
(Давом дорад)
Парта*----стол яъне мизи мактаби
Малика*----- ин номи тахайюли мебошад номи аслии духтар махфи мемонад зеро намехоҳам ба шаъни як нафар расида бошам
Курбон*-----Қурбон низ ҳамчунин мисли Малика
Ин асоси вокеи дошта ба саргузашти худам тааллуқ дорад
Наҷмиддин Бурҳонов
10.12.2022 ш. Душанбе
Агар аз ҷониби дӯстон хуб пазироӣ шавад ИНШООЛЛОҲ давомашро ҳам менависам!!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
https://ok.ru/profile/555247131973/statuses/155116499060805
https://ok.ru/profile/555247131973/statuses/155226556614725