Пас биравед суроғи падару модар!
Модаратонро бихандонед
Падаратонро бихандонед
Чаро вақте дарду бадбахтӣ доред, меравед суроғи онҳо ва нолаҳоятонро пеши онҳо дар меоваред?
Аммо вақте, ки хуш ҳастед, бо рафиқонатон меравед канори дарё,
Бо рафиқонатон меравед сафар,
Бо рафиқонатон меравед ресторан...
Чаро хушиҳоятон моли рафиқотон аст, аммо дарду нолаҳотон моли падару модар?
Чаро ин қадар онҳоро ғусса медиҳед?
Чаро ин қадар нороҳаташон мекунед?
Вақте онҳоро мебинед, чаро намехоҳед, ки танҳо аз хушиҳо сухан бигӯед?
Модар мегуяд: Писарам, хубӣ?
Бигу: Бале модар.
Ҳарчанд хеле мушкил низ дорӣ, бигу; Бале модар, хубам.
То вақте, ки дуоям медиҳӣ, хубам модар.
То вақте, ки дуоям медиҳӣ, хубам падар.
Фақат илтиҷо дорам маро хеле хеле дуо диҳед.
Бешак дуои онҳо дунёву охирататонро обод мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев