Сайид Абулҳасани Назавӣ дар китоби «Оини зиндагӣ» навиштааст, ки Расулуллоҳ (с) рӯзи ҷумъаро дӯст медошт ва дар он ибодатҳоеро анҷом медод, ки махсуси рӯзи ҷумъа буд. Аз он ҷумла ҳаммаи кардан, истифодаи хушбӯӣ, барвақт рафтан ба намози ҷумъа, қироати сураи «Каҳф»-ро одат карда буд, ва дар ин рӯз беҳтарин либосашро мепӯшид. Имом Аҳмад аз Абӯайюби Ансорӣ (р) нақл мекунад, ки ӯ мегуфт: « Ман шунидам аз Расули Акрам (с) ки фармуд: «Ҳар кас рӯзи ҷумъа ҳаммом кунад ва хушбӯӣ намояду беҳтарин либосашро бипӯшад, баъд ба масҷид равад. Ва он ҷо макони муносибе ёфту намоз гузорад ва касеро наёзорад. Аз оғози омадани имом то охири намоз сукутро риоят кунад, ин амали вай аз он ҷумъа то ҷумъаи дигар боиси каффорати гуноҳон мегардад». Абуҳурайра аз Расули Акрам ин ҳадисро нақл кардааст: «Дар рӯзи ҷумъа соатест, ки агар ҳар мусулмон онро дар ҳолати намоз биёбад, ҳар чӣ аз Худои Таъоло бихоҳад, ба ӯ ато мекунад». Уламои уммат дар таъини ин соат ва фаро расидани он лаҳза ихтилофи назар доранд. Аммо аниқтар он аст, ки лаҳзаи зикршуда баъди аср фаро мерасад. Расули Худо (с) хутбаро кӯтоҳ мекарданду намозро тӯл медоданд. «Дар хутба аз калимаҳои фаҳмо ва ҷомеъ (мухтасар) истифода мебурданд. Ҳангоми хутба Расулуллоҳ (с) ба саҳобаи киром усули ислом ва қонунҳои динро таълим медоданд. Барои хутба рост меистоданд. Баъд каме менишастанд ва дубора рост истода хутбаи дуюмро мехонданд. СУБХИ САФОИ ЧУМЪА БОДО МУБОРАК БАР ШУМО !!! СУБХИ ПУРНУРУ ЗИЁ БОДО МУБОРАК БАР ШУМО!!! ШУКР ГУЕД ХАР САҲАР БАР ДАРГОХИ ЯЗДОНИ ПОК !!! РАҲМАТИ НУРИ ИЛОҲИ БОДО МАДАДГОРИ ШУМО !!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев