Муйсафеде дар деҳае ҳар руз барои намози субҳ аз хонааш ба масҷид мерафт. Дар як рузи боронӣ муйсафед барои намоз аз хона берун шуд. Чанд қадаме нарафта буд, ки дар роҳ афтод ва ҳама либосҳояш пур аз обу лой шуд, ба хона бозгашт либосашро иваз кард ва дубора баргашт. Пас аз масофае боз либосҳояш пур аз обу лой шуд ва боз ба хона баргашту либосшро иваз карда боз аз хона барои намоз хориҷ шуд ва дид ки дар пеши дари хона ҷавоне чароғ ба даст истодааст, салом кард ва равонаи масҷид шуданд. Ҳангоми даромадани ба масҷид дид, ки ҷавон дохил нашуд, пурсид эй ҷавон барои намоз дохили масҷид намешавӣ? Ҷавон гуфт: не ман шайтон ҳастам. Барои бори аввал ки бозгаштӣ, Худованд ба Фариштагон гуфт: Тамоми гуноҳони ӯро бахшидам. Бори дуввум ки бозгаштӣ Худованд ба Фариштагон гуфт: Тамоми гуноҳони аҳли хонаи ӯро бахшидам. Тарсидам агар бори сеюм бозгарди Худо ба Фариштагон бигӯяд, тамоми гуноҳони аҳли деҳаро бахшидам, ки ман ин ҳама талош барои гумроҳии онон доштам. Барои ҳамин омадам чароғ гирифтам то ба саломат ба масҷид саломат расонамат.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8