Барои дурӣ аз шайтон ҷозибаҳои ӯро дур кунед. Агар саги гуруснае ба шумо рӯй орад ва ҳамроҳи шумо нон ва гӯшт бошад, оё бо гуфтани чих саг меравад?
Дили шумо низ мавриди назари шайтон аст. Нигоҳе ба дил мекунад, агар озуқааш, (аз қабили ҳасад, бухл, шаҳват ва ғайра) дар он ҷо дошта бошад, ҳамонҷо мутамарказ мешавад. Сад бор ҳам бар ӯ лаънат фиристӣ, фоида надорад. Аммо агар тӯъмаашро дур кунӣ, он гоҳ мебинӣ, ки бо як истиғффор дур мешавад.
— Шайх Муҳаммадсолеҳи Пурдил
Фазилати Дуо
Тамоми махлуқот ба Худованд мўҳтоҷанд ва ба он чӣ Ў дорад, ниёз доранд. Аммо Ў аз махлуқот бениёз аст. Худованд дуоро бар бандагонаш воҷиб гардонида ва фармуда аст: “Парвардигори шумо фармуда аст: Маро бихонед то (дуои) шуморо бипазирам! Касоне, ки аз ибодати ман такаббур меварзанд, ба зуддӣ бо зиллат вориди дузах мешаванд” Ғофир 60.
Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар касе аз Худованд чизе нахоҳад, бар ў хашм мегирад. Бо ин васф, Худованд аз дуо ва дархости инсонҳо дар пешгоҳи Худ шодмон мешавад ва касонеро, ки дар дуои худ илҳоҳ ва исрор меварзанд, дўст медорад ва ба Худ наздик мекунад. Асҳоби Паёмбар (с) ба ин мавзўъ пай бурда буданд ва ҳар як аз онҳо ҳеҷ чизеро барои дархос