Бо касе харф занам, аз сари дусти бошад, Ту бидон, Чонаки ман, ёри газалхони Туям. Хеч гахе дил наканам аз Туву аз Ту наравам, Бандии холу хату зулфи парешони Туям. Хавасам нест ба чуз дидани васли Ту касе, То дами охиратам дар сари паймони Туям. Оламам гашта зи Ту рангину нурони, касам, Махви он чехраи зебову дурахшони Туям. Ту биё, Чони ширин, Чон бишав чисми маро. Ман фидои караму лутфи дучандони Туям. Рашки бехуда макун, мемирам охир зи алам, Ман адои сарупо, ошики сарсони Туям. Хар гахе рашк куни, ранч дихи чони маро, Ман фидои хаваси чисми Туву чони Туям. Туи худ Шамъи чигил, оташи Ту шуълафизост, Ман чу парвона ба даври Ту парафшони Туям. Накунам ёди чаманзору гулу сарву суман, Шефтаи хастии сарсабзу гулафшони Туям. Кахри бехуда макун, ранчиши бехуда маёр, Пешам о, Чонаки ман, моилу пазмони Туям. Хавасам нест паи зухрачамолони дигар, Махви он талъати рухсори нурафшони Туям. Туи Султони дили ошики Шайдо, хама дам, Хар чи мехохи, бидех амр, ба фармони Туям..
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев