Марҳамат дӯстони азиз идомаи қиссаи Салмони Форсӣ (р) ро мутолиа намоед,
Рӯзе баъд бо марди яҳудӣ, ки ӯро харида буд, ба боғе рафтанд. Дарахтони хурмо мӯҳтоҷӣ парвариш буданд. Он мард ба Салмон гуфт, ки тамоми рӯз бояд дар зери офтоб кор кунӣ ва каме нон ба ӯ дод. Салмон, ки ба сахтиҳо одат карда буд, шурӯ ба кор намуд. Ӯ аз он ки ба шаҳри Паёмбари Худо наздиктар шудааст, хушҳол шуд.. Як саҳар марди яҳудӣ ба назди Салмон омада гуфт: “Ман туро ба писарамакам фурӯхтам. Ту бояд бо ҳамроҳии ӯ ба тарафи Ясриб ҳаракат кунӣ, ки чои зисти ӯст”. Барои Салмон муҳим набуд, ки барои чи касе кор мекунад, зеро ӯ ғулом буд ва орзуи озодӣ дар сар дошт.Ҳангоми расидан ба мавзеи миёни “Ал Қуроъ” ва Ясриб ногаҳон дар ду тараф теппаи сангҳои сиёҳ ба назар расид. Замин шӯразор буд ва пештар аз он ду теппа, дарахтони нахл (хурмо) -ро дид. Қалби Салмон аз ҳаяҷону хушӣ ба таппиш афтод. Оё вай метавонад касеро, ки ба хотири ӯ шуда ин қадар азобро таҳаммул кардааст, бубинад? Салмону соҳиби наваш ба Ясриб расиданд. Ӯ дар боғи яҳудӣ кор мекард. Кор сахту якнавохт, вале ғизо хеле кам буд. Ӯ ба теппаҳои сиёҳ ва нахлистон чашм дӯхта, ба оянда умед мебаст. Дар ҳамон рӯзҳо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар Макка, пас аз он ки паёмбариашро эълом намуданд, ба хотири даъвати мардум ба роҳи рост ва яккахудоӣ мавриди мухолифати бутпарастон қарор гирифта буданд. Шиканҷаву таъқиби дӯстони ишон ва қасди куштани ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) боиси он гардид, ки Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи вассалам) Маккаро тарк намуда, ба сӯи Мадина рӯ оранд. Рӯзе Салмон дар боғ ба коре машғул буд. Соҳиби боғ низ дар паҳлӯяш меистод. Ногоҳ писарамакаш вориди боғ шуда бо асабоният гуфт: “Хабари навро шунидӣ?” Арбоби Салмон рӯ ба писарамакаш намуда пурсид: -Чӣ шудааст? -Мушкилофарини Макка ба шаҳри мо омада истодааст. Қабилаҳои Авс ва Ҳазраҷ вайро даъват кардаанд, то ки Ясриб биёяд. Он ҳам ба атрофиён ва ёрони худ. Он шахс ҳоло дар Қубо аст ва фардо ба тарафи шаҳри мо меояд. Хӯчаини Салмон гуфт: - Мо эҳтиёч ба паёмбари наве надорем, хусусан паёмбаре, ки мардум дар шаҳри худаш аз ӯ мутанаффиранд”Салмон аз шунидани ин хабари хушҳолкунанда ба ҳаячон омад, ба тавре, ки беихтиёр ларзид ва ниҳоли дарахте, ки дар даст дошт, афтода ба сари арбоби яҳудиаш зад. Ӯ ба чои узрхоҳӣ беихтиёр пеш омада гуфт: “Чӣ хабар аст? Чӣ мегӯед? Ин марде, ки аз Макка омадааст кист ва чӣ мегӯяд?” Яҳудӣ аз афтодани ниҳол ба сараш ва густохии Салмон бисёр асабонӣ шуд. Торсакие ба рӯи Салмон зада гуфт: “Ин ба ту чӣ рабте дорад? Ту кори худро дон ва ба корҳое, ки ба ту дахл надорад, кордор машав! Фаромӯш накун, ки ту як ғулом ҳастӣ!” Салмон дигар чизе нагуфт. Чун шаб шуд, тоқат накарда, каме таом ва хурморо бардошта ба роҳ даромад. Ҳудуди се километр роҳ рафта ба деҳае расид, ки он ҷо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) муваққатан иқомат мекард. Мардум хонае, ки Расули Худо (саллаллоху алайҳи вассалам) он ҷо буд, нишон доданд. Салмон дар баробари худ марди зеборӯеро дид, ки чашмони мушкӣ ва табассуми дилнишине дошт. Худро ҳаяҷон зада ба Паёмбар расонида гуфт: “Шунидам, ки Шумо аз Макка омадаед ва касони дигаре ҳам бо Шумо ҳастанд”. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи вассалам) бо аломати тасдиқ сар ҷунбонида мунтазир шуданд, ки Салмон идома диҳад. Салмон гуфт: - Ман чанд хурмо ба худ овардам. Инҳо садақаанд. Ба Шумо овардам, ки онро бипазиред ва тановул бифармоед. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) бо муҳаббат ба рӯи Салмон нигариста, хурмоҳоро гирифтанду ба ҳамроҳони худ дода гуфтанд: “Бихӯред!” Ҳамаи ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) аз хурмоҳо хӯрданд, вале худи ишон нахӯрданд. Салмон бо хушҳолӣ ба забони модариаш (форсӣ) гуфт: “Ин яке. Ӯ дар аввалин имтиҳон пирӯз шуд тавре ки усқуф гуфта буд, ин мард садақаро нагирифт”. Салмон наздики субҳ ба хона баргашт, то пеш аз он ки ҳӯҷаин аз хоб бедор шавад, ӯ дар ҷои кораш бошад. Пас аз он Салмон дубора мехост Паёмбарро бубинад, аммо хӯҷаинаш аз ӯ бадгумон шуда буд. Ноилоҷ сабр кард, то рӯзе , ки ногаҳон берун аз боғ ҳаёҳуе барпо шуд.Салмон нигоҳ кард, ки ҷамоати бузурге аз мардум сӯи шаҳр меоянд. Марди яҳудӣ, ки соҳиби Салмон буд, низ он мардумро дид. Пешопеши ҷамоат марде савор бар шутури сафед буд, ки ором ва боматонат ҳаракат мекард. Ба назари Салмон расид, ки ӯ ҳамон Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) аст, ки бо ҳамроҳонаш вориди шаҳр мешаванд. Арбоби Салмон зери лаб ғурғуркунон гуфт: -Ин ҳам як бадбахтии дигар. Ӯ бояд ҷои дигареро пайдо кунад”. Мардум аз пеши боғи марди яҳудӣ гузашта, вориди шаҳр шуданд. Он шаб Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) дар хонаи Абу Аюби Ансорӣ иқомат намуданд.Чун шаб шуд, Салмон чанд хурморо ба буғчае баста сӯи хонаи Абу Аюб равон гашт. Мардум гирд нишаста буданд. Салмон аз миёни онҳо роҳ кушода бо изтироб гуфт: -Эй оғо, ман чанд хурмо бароятон ҳадя овардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) ба Салмон бо муҳаббат нигариста барои хурмоҳояш изҳори ташаккур намуданд. Яке аз хурмоҳоро худашон хӯрда боқимондаашро ба атрофиён тақсим намуданд. Салмон осудаҳолона нафасе кашида гуфт: -Ин ҳам нишонаи дигар. Ду нишонаро аз он се нишонае, ки усқуфи пир гуфта буд, дар ин мард дидам. Шаби дигар Салмон боз ба хонаи Абу Аюб омад. Мардум гирди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) ҷамъ буданду он ҳазрат дар хусуси намоз сӯҳбат мекарданд. Салмон ба ҳар сӯ нигоҳ карда меҳроб ё либоси махсусе, ки дар калисо дида буд, ин ҷо надид. Аз шахсе, ки дар паҳлӯяш нишаста буд, пурсид: “Бо чӣ василае мехоҳед Худоро парастиш кунед?” Он мард чавоб дод: “Мо Худоро мехонем”. Салмон пурсид: -Бе ягон восита? Мард гуфт: - Бале, мо Худоро мехонем ва Ӯ дуоҳои моро мешунавад. Салмон ба ин гуна ибодати осон мабҳут шуд. Ҳамчунон, ки гӯш медод.,Паёмбар ба ояте аз сураи “Ёсин” расид: “Қуръон аз ҷониби он Пирӯзманди Меҳрубон нозил шуда. То мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд”. (оятҳои 5-6). Вақте намоз поён ёфт, Салмон пеш рафт ва дар пушти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) тавре нишаст, ки битавонад ду китфи ишонро бубинад. Аз сабаби гармии ҳаво Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) либосе пӯшида буданд, ки қисмате аз шонаашон намудор буд. Пас аз муддате Паёмбари гиромӣ ба ақиб гашта, дарк намуданд, ки Салмон дар паи ёфтани чист. Аз ин рӯ, иҷоза доданд, ки либос аз шонаи муборакашон поён равад ва Салмон бо чашмони худ дид, ки байни ду китфи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) нишонае аз мӯҳр вуҷуд дорад. Салмоназ китфони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) бӯсида бо гиря гуфт: “ Ман ҳоло ҳар се нишонаеро, ки марди масеҳӣ гуфта буд, дар Шумо пайдо кардам. Акнун ба ислом гаравидам”. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) аз исломро қабул кардани Салмон хушҳол шуданд. Дигарон низ аз мусулмон шудани ин марди форс шодмонӣ карданд. Салмон мехост яке аз ҳамроҳони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам) шавад ва ҳамон ҷо бимонад, аммо ӯ ғулом буд ва бояд пеши арбоби худ бармегашт, дӯстони азиз аз сабаби тӯлонӣ шудани қисса тасмим гирифтам ки идомаашро бегоҳ пешкашатон намуда саргузашти ин абармарди таърихро бо хости Худо ба итмом расонам бо мо бошед дӯстони азизам
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8