Дар толори Қасри Ҷавонони маркази вилоят раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо донишҷӯёни исфарагии дар мактабҳои олӣ, касбиву техникӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд таҳсилдошта мулоқот доир намуд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардид.
Зимни баромад шаҳрдори Исфара нахуст аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар самти таъмини шароити созгор ба таҳсилу касбомӯзии ҷавонон ёдовар гардида, таъкид ба амал овард, дар замони ҷаҳонишавии босуръат бидуни донишҳои амиқу ҷаҳонбинии васеъ ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ амри маҳол аст. Аз ин хотир ҷавонон бояд амиқ дарк намоянд, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд.
Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамзамон изҳор дошт, ки барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шинохти Ватану ватандорӣ мебошад. Зеро талошҳои ин абармард баҳри шинохти саодат ва ҳуввияти миллат беҳтарин намунаи ибрат буда, мактаби омӯзишии беҳтарини дигар вуҷуд надорад. Аслан меҳрубониҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр нисбат ба ҷавонон ба хотири он аст, ки минбаъд бояд давлатдории Тоҷикистонро маҳз Шумо -ҷавонон пеш баред. Дар замони ҷаҳонишавии босуръат бидуни донишҳои амиқу ҷаҳонбинии васеъ ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ амри маҳол аст. Шумо бояд амиқ дарк намоед, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти шумост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши шумост -иброз дошт раиси шахри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода . Шаҳри Исфара, ки яке аз минтақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи кишоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 50 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 88 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасониву савдо аст, чиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҷавонони Исфарамарз, ки айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллечҳои шаҳри Хуҷанд таҳсили илм ва ҳунаромӯзӣ доранд, мушкилоте нахоҳад буд.
Минбаъд донишҷӯён ба раиси шаҳр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи зиндагиву таҳсилашон суолу дархостҳояшонро пешниҳод намуданд.
Шаҳрдори Исфара дар навбати худ иброз намуд, ки ҳамаи таклифҳои садодода мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.
Дар интиҳо ба чанде донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, аз оилаҳои ниёзманд ва фаъолон кӯмакҳои яквақтаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тақдим карда шуд. Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори умедворū намуд, ки ҷавонони баору номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд ва дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳамин тавр мулоқот басо самимиву судманд анҷом пазируфт ва дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз ин боздид, аз ин гуна вохӯриву мулоқоти хушоянд бо Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода куллан шоду ризоманд гаштаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев