Предыдущая публикация
Модари дилсӯзу беозору ғамхорат гузашт.
Ту дар ин шаҳри ғарибӣ бехабар танҳову зор,
Модари дар ёди ту бар ғам гирифторат гузашт.
Ту намедони вале ӯ охирон бемор шуд,
Модари бечораву аз дард беморат гузашт.
Аз саҳар то шом паси дар интизорат менишаст,
Модари дар интизор истода ночорат гузашт.
Доимо аз ту ба мо мегуфту механдид ӯ,
Модари хушчақчақу беҳад хоксорат гузашт.
Гоҳ гоҳ аз ҳавлии мо об мебурд бо сатил,
Модари озодаву ҳам тозакирдорат гузашт.
Зиндагӣ талх асту ширин сабр мебояд кунӣ,
Модари пурсабри ту бин ки чӣ миқдорат гузашт.
Аниси Ёқубиён.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 16