Туро аз дил бадар кардан на метонам, на мехоҳам, Зи ишқи ту гузар кардан на метонам, на мехоҳам. Зи дунёи ҳавасҳоят, зи он сарчашмаи хӯшӣ, Азизи ман, сафар кардан на метонам, на мехоҳам. Агарчи дурӣ ту аз ман чу як истораи дуре, Дигар касро ба бар кардан на метонам, на мехоҳам. Дурахши чеҳраи хушат дурахшонтар зи моҳ бошад, Нигаҳ сӯи қамар кардан на метонам, на мехоҳам. Даҳонам хушку таб дорад барои лаъли лабҳоят, Даҳон бо об тар кардан на метонам, на мехоҳам. Китоби ишқи ту хонам, ҳама ҳушам фарогир аст, Дигар фанро зи бар кардан на метонам, на мехоҳам. Агарчи ту ҳазар дорӣ зи ишқи ман, зи ёди ман, Вале аз ту ҳазар кардан на метонам, на мехоҳам. Ту гарчанде маро рондӣ зи даргоҳи канори худ,