Предыдущая публикация
В-аз нолаи камбағал хабардор шавад?
Шукронаи Ҳақ зи тандурустӣ накунад,
Ин банда магар даме, ки бемор шавад!
Бо кибру ғурур ба қудраташ менозад,
Бечора замони марг ҳушёр шавад!
Гар бандаи ту ба фикри нони поке,
Бо такя ба ту равонаи кор шавад.
Бо ҳиҷрату бо ғурбату бо заҳмати худ,
Сахт аст даме, ки бе касу ёр шавад.
Хуршедсифат зи нуру файзаш борад,
Магзор Худо ба нокасон зор шавад!
Ҳар кас, ки тамаъ ба луқмаи ту дорад,
Бадбахт ба зиндагониву хор шавад!
Аз ранҷи ту эй азиз, ҳар кас гӯяд,
Худ аз ғами ту фисурда бемор шавад!
Ҳарчанд ки зулмат аст имрӯз, вале
Хуршед ба ногаҳон падидор шавад!
Абдусалом
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев