Одоб ва аҳкоми Иди Фитр ва таълими намоз ва хутбаи он Бо ному ёди Худованди бахшандаи меҳрубон ва бо дуруду салом ба Паёмбари маҳбуби уммати мусалмон Бародарону хоҳарони азиз! Инак мо дар остонаи падруд гуфтан бо моҳи мубораки рамазон қарор дорем. Моҳе, ки мактаби омузиш ва парвариш аст ва инсон дар ин моҳ худашро бо тарк кардани аз ҳаромҳо ва руза доштани рузҳояшу қиёми шабҳояш парвариш медиҳад. Инак дар остонаи видоъ бо ин моҳи муборак қарор дорем. Рамазон меравад, вале аз мо мусалмонон хоҳиши онро дорад, ки рамазонпараст набошем, балки Худопараст бошем. Агар рамазон меравад, пас бидонем, ки Худои якто ҳамеша бо мост ва ҳаргиз аз мо то дами марг ҷудо нест. Пас биёед Худопараст бошем. Дар и