Хостам дар рӯзи Иди ошиқон,
Бо ту бошам рӯ ба рӯву лаб ба лаб.
Дар канори ту нишинам бо ҳавас,
Аз бари ту дур набвам як вачаб.
Оҳу афсӯсу дареғи ошиқӣ,
Ту ба ишқи ман хиёнат кардаӣ.
Номи манро бурдаӣ аз хотират,
Номи душман бар забонат кардаӣ.
Метавонистам, ки дар ин рӯзи ид,
Аз бароят дастаи гул оварам.
Оҳ, аммо эй хиёнаткори ман,
Рафтаӣ афсӯс, ки аз боварам.
Ман кунун дар рӯзи Иди ошиқон,
Бекасам, бечораам, бедилбарам,
Нафратам ояд зи ишқу ошиқӣ,
Кош намеомад балояш бар сарам.
Рӯзи Иди ошиқон аз баҳри ман,
Рӯзи ғам, рӯзи ҷудоӣ, рӯзи дард.
Ман намехоҳам дигар ин идро,
Чунки ёри ман хиёнат кард, кард.
Хайр, эй ношукри ишқи поки ман,
Зинда бошӣ бо ҳамон ёри нават!
Ғуссаҳоят кушт ёри кӯҳнаро,
Зинда бошӣ бо харидори нават!
КӮҲЗОД
16:32, Ср 12.02.2014
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев