Предыдущая публикация
Ғаматро сурудан, ғаматро сутудан.
Давидан ба сӯят ба вақти шакарнам
Диламро ба дасти ту эҳдо намудан.
Ба уммеди рӯят ба роҳат нишастан,
Зи худ даргузаштан, ба худ ҳам набудан.
Дар авроқи ин хотир аксат кашидан
Кашидан зудудан, кашидан зудудан.
Дари баста танҳо нишастан ба ёдат,
Дарича ба сӯи тулуъат кушудан.
Тамоми шабонгаҳ ба савте сурудан:
"Хушо бо ту будан, хушо бо ту будан ".
Хуршед
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2