Предыдущая публикация
Тавбаи моҳи шарифи Рамазон,Дастгири ҳама дар рӯзи ҷазост. Рамазон моҳи муборакқадам аст,Рамазон лаҳзаи бахшишу атост. Баҳра гирад ҳама кас аз Рамазон,Рамазон сар ба сараш файзу сахост. Шоҳроҳе, ки ба ҷаннат бубарад,Рамазон садди раҳи хавфу балост. Кинавар нест яқин мақбули Ёр,Рамазон бар дили озода давост. Тоат аз дил бинамо, ки дари Ҳақ,Бегумон дар Рамазон бар ҳама вост. Дасти афтода гирифтан ҳунар аст,Сипари мардуми бахшанда дуост.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев