Чанд муддате дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Куриёи ҷанубӣ будам, гуфтаниҳо зиёданду банда мехостам саргузаштеро нақл кунам ки барои ман хеле таъсирбахш буд. Бо амри тақдир дар ҷазирае ба номи Кассадо расидам, агар дар куҷои Корея будану, ба чи кор машғул будану, чи хел ба ин ҷазира омаданамро нависам як китоб мешавад . Барои ҳамин мухтасар менависам .....дар ин ҷазира ҳамаги чор деҳа буд ҳамааш ҳамдигарро мешинохтанд. Ман дар хонаи соҳибкоре ки ба парвариши алафи баҳрӣ машғул буд кор мекардам. Маро дар хонае ки худашон мезистанд дар ҳуҷраи духтарашон ки дар Сеул мехонд, ҷой доданд. Шароити зиндагӣ олидараҷа буд, ин ҳуҷра ба худаш алоҳида ташнобу ҷои оббози дошт. Панҷ вақт намозамро сари вақт мехондам. Намози бомдодро пеш аз кор, пешинро баъди хуроки нисфирӯзӣ, асру шому хуфтанро баъди кор мехондам. Соҳибхона ба ҳамдеҳагонаш мегуфт ки мусулмон асту намоз мехонад. Касе ки медид мепурсид-- " муслим"? Мегуфтам ~ ҳа.
Маслиҳат буд ки фақат рӯзҳои боронӣ ё тайфун истироҳат мекунам. Қариб бист рӯз кор кардам ҳатто шамоли сахт намевазид. Рузҳо кутоҳ мешуданду Вақти намози аср соати панҷ шуд яъне дар вақти корӣ,ба ҳар баҳона рафта намози асрро мехондам. Як рӯз дар гармхона кор мекардем вақти намози аср шуд пурсидам ки панҷ дақиқа " тайм аут" мумкин? Табассум карду иҷозат дод. Азбаски забони якдигарро намефаҳмидем фақат бо ишора ё " гугл переводчик" истифода мебурдем. Дар пешамон халтаҳои холии нав барои корамон оварда буданд..яктояшро гирифтаму дар пеши онҳо намози асрро хондам. Баъди адои намоз " саҷан" ( хуҷаини калон, босс, шеф) пурсид ки баъди кор хонӣ мешавад ё мумкин нест?
Ман бо як азоб бо имову ишора, ним англисиву ним русиву ним тоҷикиву нимкола куриёги фаҳмондам ки намоз вақт дорад.
Гуфтам: "саҷан ил гут"?- корҳо нағз?
Гуфт - ҳа
Гуфтам- " пагода гут"? ( ин сухани худаш буд ки ҳар рузи ҳавои хуб ҳаминро мегуфт. Пагода- ро аз кадом русе фаҳмида будаст)
Гуфт- ҳа
Гуфтам - парам, тайпу опсу? ( шамолу тайфун нест)
Гуфт - не
Боз ба як азобе дар бораи наборидани борону ягон рӯз манъ нашудани кор гуфтам,вай ҳамаро тасдиқ мекард. Дар мавсими кор ки ҳамаги як ё якуним моҳ давом мекунад рузҳои хуб ин як орзуи онҳост. Пас гуфтам ки барои ҳамаи ин неъматҳо Аллоҳро сипосгузори накунем? Лаҳзае ба ман нигаристу пас аз ҷояш хесту дастонашро мисли ҳиндуҳо 🙏 гузошту "хамсвмида Аллаҳ" ( ташаккур Аллоҳ) гуфт.
Аз ин пас ҳар рӯз баъди хуроки нисфирӯзӣ мегуфт рав намозата хону ба баҳр мебароем. Соатҳои чор ё чоруним аз баҳр алафҳоро меовардему то соати шаш дар гармхонааш кор мекардем. Чун соат 5 мешуд ёдрас мекард: "Наши кидо" (Насим намоз хон) .Рӯзе ҷиянаш бо мо кор мекард халтаҳо тамом шуд, вай нигоҳ кард ки дар кунҷе як халта овезон аст рафту хост гирад аммо Саҷан ба овози баланд садо кард ки нарас дар он Насим намоз мехонад. Як рузи дигар дар баҳр корамон тул кашиду соат 5 шуд ҳануз кори мо монда буд. Саҷан пурсид ки намоз чи мешавад? Ман гуфтам хона равем мехонам, то охири қитъа расидем, вай ба ҷои ба қитъаи дигар рондани катер ба тарафи соҳил равон кард. Дар соҳил моҳигирҳо ҷое барои истироҳат сохта буданд. Саҷан ба ман ишора кард ки фарою дар он ҷо намозата хон. То адои намоз худаш сигарет кашида маро интизор шуд. ( Субҳонака ё Аллоҳ ) шукронаю ҳамду санои маро ҳисоб набуд!!!
Як саҳар хестем ки шамол мевазид, аз ҳавли баҳр чун дар кафи даст намоён буд. Медидем ки мавҷҳои баҳр хеле баланд буданд. То соати 11 мунтазир шудем шамол камтар шуд.Саҷан гуфт рафта намоз хону ба баҳр мебароем. Ман гуфтам ки биоем баъд мехонам чунки то намози зуҳр ду соат вақти дигар ҳаст. Аммо ӯ бо исрор ишора мекард ки рав намоз хон. Ман ба воситаи гугл переводчик фаҳмонидам ки охир намоз вақт дорад ...Саҷан (номаш Чонг Ши) хеле марди босавод буд .Вай бо ҳамон переводчик чунин гуфт: ту панҷ вақт намозе мехони ки Аллоҳ ба ту фарз гардонид ...яъне маҷбур (калимаи маҷбурро истифода бурд) ҳасти. Аллоҳ туро ба намоз даъват мекунад. Чи мешавад ки як бор бе даъвати Аллоҳ ту худат ба суи ӯ равию намоз хонӣ?
Ман давида ба суи кулбаи худам рафтаму дар ҳолате ки ашк аз чашмонам ҷори буд намози нафл хондааму дар охир даст ба суи он зоти пок бардоштаму гуфтам " субҳонака ё Аллоҳ ин инояту ҳидояти худат буд ки бутпарасте маро гуфт намози нафл хон "....
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2