Предыдущая публикация
Мерасӣ бар қадри ҳар гуфтори ман.
Чун мани танҳо тани танҳо шавӣ,
Ёд меорӣ зи чашми чори ман.
Нағз медонам, ки меорӣ мудом
Ёд аз роҳе, ки мерафтем мо.
Зери борон гоҳ мехонӣ ба худ
Байтҳои шеъри дилхоҳи маро.
Нағз медонам, ки ҳар акси маро
Ҷо кунӣ бар махзани пинҳони хеш.
Баъд ҳар гоҳе тамошо мекунӣ
Ашк резӣ аз сари мижгони хеш.
Нағз медонам, ки дар шаҳри бузург
Мисли ман лоиқ намеёбӣ дигар.
Мисли ман дар шоҳроҳи зиндагӣ
Ошиқи содиқ намеёбӣ дигар.
Нағз медонам, дилат гум мезанад,
Ёд меорӣ ҷавонии маро.
Ёд меорӣ ба шӯру изтироб
Фасли сабзи зиндагонии маро.
Нағз медонам, зи баъди солҳо
Ёди донишгоҳи олӣ мекунӣ.
Меравӣ аз пушти кори рӯзгор,
Ёди Хуршеди хаёлӣ мекунӣ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1