Ҳамватанони азиз!
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, аввали солҳои навадуми асри гузашта дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки зарару оқибатҳои он ба ҳамагон маълум аст. Дар он рӯзҳои вазнин, ки моро хатари аз байн рафтани давлату миллат таҳдид мекард, фарзандони ҷонфидои халқи тоҷик барои наҷоти миллату ватани худ мубориза намуданд. Ба хотири барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва осоиштагии мардум ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, ҳазорон нафари дигар маъюб гардиданд. Ман низ дар қатори ҷавонмардони ватандӯсти кишвар барои барқарорсозии сохти Конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Фронти халқӣ ва ҳамчун корманди милитсия шабонарӯзӣ хизмат мекардам. Мо танҳо як мақсад доштем: барқарорсозии сулҳу оромӣ дар Ватанамон. Санаи 18 августи соли 1997 дар мавзеи Гараутии ноҳияи Ҷиликӯл (ҳозира Дӯстӣ) байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва силоҳбадастон- хоинони миллати тоҷик задухурди шадиди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷаи ин задухурд ҳамяроқони ман ҷони худро аз даст доданд, ман бошам аз дасти ростам ҷароҳат бардошта, аз чор ангуштам маҳрум гардидам. Инак 22 сол мешавад, ки ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюми мақомоти корҳои дохилӣ барои табобат гирифтани дастам маблағ намеёбам. Мо барои гузоштани протез бо мутахассисони Федератсияи Русия дар тамос шуда, бо онҳо вохӯрдем. Онҳо пас аз муоина кафолат доданд, ки дар ҳақиқат метавонанд барои дастам протез гузоранд. Вале бо сабаби надоштани имконияти молиявӣ наметавонам рафта табобат гирам. Аз ин хотир, барои табобати дастам, яъне протез гузоштан ба кумаки шумо, ҳамватанони азиз, ниёз дорам. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки: "Аз қувваи халқ дида қувваи бузургтаре нест". Илтимоси мо аз ҳар яки шумо ин аст, ки ба қадри тавону имконияти худ баҳри табобат намудани дастам кумак намоед. Худованд аҷру савоб насибатон гардонад.
Бо эҳтиром: Хуҷа Ҳисайнов, истиқоматкунандаи хонаи 1/3. кӯчаи Р. Назарови Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Телефон: +992- 937-97-44-55
+992-988-05-91-49
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10