Хурданаш ҳарому нушиданаш ҳалол аст. Мард ҳар руз се маротиба онро истифода мекунад ва зан дар умри хеш як маротиба. Дар Қур'он зикр шудааст, панҷ ҳарф дорад ва аввали ҳарфи он "мим" аст. Ҷавоби ин чистонро гуфтаанд, ки "МАҚОБИР - ﻣﻘﺎﺑﺮ" аст, яъне қабристон! Ва он шарҳе, ки дар ҷавоби ин чистон омадааст, бисёр аҷиб аст. Чистони бемаъно ва бемантиқ! Далели он аст, ки сафсата ва ҷаҳолате аст. Аз барф сафедтар - яъне кафан. • Чистон дар бораи қабристон асту ҷавоб дар бораи кафан!? Аз шаб сиёҳтар - яъне торикии қабр. Хурданаш ҳаром аст - яъне ғайбати мурда ҳаром аст. • Чистон дар бораи қабристон асту ҷавоб дар бораи ғайбати мурда шудааст?! Нушиданаш ҳалол - яъне дар қабристон нушидан ҳалол аст. • Барои чӣ хӯрдан дар бораи худи мурда шуд, вале нушидан дар бораи нӯшидани ҳақиқӣ?! Мард дар як рӯз се маротиба истифода мебарад - яъне се маротиба дар як рӯз ба қабристон меравад. • Магар аз маротиба зиёд қабристон рафтан ҳаром аст?! Зан як маротиба дар умраш - яъне барои зан ҳаром аст ба қабристон рафтан. Магар як маротиба вақти дафни худи он зан? • Ин суханест ботил, зеро ки рафтани зан ба қабристон бо риъояти одоби шаръӣ ҷоиз аст. Ва ин қавли ҷумҳури фуқаҳост. ------------------------------ Ин буд, бародарони азиз шарҳу баён ва радди ин чистони ботил ва бемантиқ. Дида мешавад, ки ин чистон мураккаб аз ҳар мавзуъи парокандае аст. Ва чистон наметавонад ин гуна бошад. Ва аз ҳама хатарноктараш ин аст, ки чунин чистон ботил ба Қур'он рабт дода шудааст. Вале ҷавонони содаи мусалмон ҳарчӣ ки ба Қур'ону Ҳадис часпонида шавад, бо ҷону дил қабул кардаву нашр мекунанд. Ботилро нашр мекунанду худ хабар надоранд. Ва чунин муносибат ба ибороти Қур'он ҷоиз нест ва як навъ беэҳтиромӣ нисбати ин китоби азимуш-шаън мебошад! Аллоҳ паноҳ диҳад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев