Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дўстонро шод гардон душманонро кўр кун.
Аз паси кўҳе барову сангҳоро лаъл соз,
Бори дигар ғўраҳоро пухтаву ангур кун.
Офтобо, бори дигар боғро сарсабз кун,
Даштрову киштро пурҳуллаву пурнур кун.
Офтобо, бори дигар сўи мағриб бозрав,
Ҷумлаи сайёраро бар ҳусни худ мағрур кун.
Эй рафиқи бедилону эй аниси хастагон,
Бедилонро чора созу марҳами ранҷур кун.
Эй табиби ошиқону эй чароғи осмон,
Ошиқонро даст гиру чораи ранҷур кун.
Инчунин рўи чу маҳ дар зери абр инсоф нест,
Соате он абрро аз пеши он маҳ дур кун.
Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рух боз дор,
В-ар ҷаҳон торик хоҳӣ, рўйро мастур кун.
Шамси Табрезӣ ниқоби кибриёро баркушо,
Ҷони муштоқони шамъи рўи худ масрур кун.
РӮЗИ МАВЛОНО МУБОРАК АЗИЗОН!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 19
Худо кунад ки 100 сола шаведу баъд аз он пир шавед!
Бори дигар зодруз муборак Синочони дилу дида
Пири барнодилу дилафруз, бехруз шавед!