Предыдущая публикация
Чароғи ишқро парвонаи ман.
Саодат бо ту гардида насибам,
Набошад бори ғам дар шонаи ман.
Дар оғӯши биҳиштии ту эй гул,
Ҳақиқат мешавад афсонаи ман.
Ту медонӣ, илоҷи дарди ҷонам,
Табиби ҳозиқу фарзонаи ман.
Фақат бо ту зи шаҳди ҳамнавоӣ,
Лаболаб мешавад паймонаи ман.
Азизам, зиндагӣ як дастгоҳ аст,
Варо эй гул туӣ гардонаи ман.
Яқин аз порсойии ту бошад,
Ҳаёти хурраму шоҳонаи ман.
Бидунат ҳастиям берангу бӯ аст,
Сафои рӯҳбахши хонаи ман.
Ба ҷуз аз бо ту будан орзуе,
Надорад ин дили девонаи ман.
Тамоми рӯзҳо ид аст бо ту,
Асалбонуи ман, дурдонаи ман.
Туро аз таҳти дил табрик гӯям,
Ба РӮЗИ ОШИҚОН, ҷононаи ман.
СИНОИ АБӮАЛӢ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 22