Аз чӣ бошад, ки ҷафо пушти ҷафо меояд.
Барф ҳам ғунчаи уммеди дарахтонро кушт,
Мо чӣ кардем, ки бас хашми қазо меояд.
Олами пир надорад ба танаш дармоне,
Бар дараш дард ҷудо, ғусса ҷудо меояд.
Созиши маргу вабо оҳ чӣ даҳшат овард,
Чӣ гузашт аз тарафи халқ, вабо меояд!?
Каъба ҳатто шуда холӣ, ҳама дарҳо баста,
Аз дили муслиму куффор нидо меояд.
Кӯдаки курд магар назди Худо гуфт аз ҷабр,
Ин ҳама ранҷ ба подоши хато меояд.
Кулфат аз наҳсии дунёталабон дар дунёст,
Раҳми Ҳақ боз ба аҳволи гадо меояд.
Эй кӣ дил дода ба дунё ба башар кардӣ ҷабр,
Ҳар кӣ бад кард, таҳи дори ҷазо меояд!
Умр кӯтоҳ бувад қиммати ҳамро донед,
Меҳр бисёр шавад, файзу сафо меояд.
Турфае аз бадиву зулм агар парҳезанд,
Бар ҳама дарди башар боз даво меояд.
Шукри беҳад ватани ман зи бало эмин аст,
Бар лабам рӯзу шабон ҳарфи дуо меояд.
Ҳам вабо мераваду решаи ғам месӯзад,
Ҳар чӣ бошад ба қазо бар сари мо меояд.
СИНОИ АБӮАЛӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 64
Ин хама ранч ба подоши хато меояд.
Бехтарин мисрахо..
Меҳр бисёр шавад, файзу сафо меояд.
****************************
Худо кунад, ки ба хонаи ҳар як ҳамватани мо файзу сафо ояд. Хаста набоши шоир.
л
а
с
с
ҚАЛАМКАШРО БА МАҚСАД МЕРАСОНАМ.