Дурӯғ ва ҳақиқат Рўзе дурӯғ ба ҳақиқат гуфт: Майл дорӣ бо ҳам ба дарё биравем ва шино кунем. Ҳақиқати соддалавҳ пазируфт ва он ду бо ҳам ба канори соҳил рафтанд. Вақте ба соҳил расиданд, ҳақиқат либосҳояшро баровард. Дурӯғи ҳиллагар либосҳои ӯро пӯшида, рафт. Аз он рӯз ҳамеша ҳақиқат урён ва зишт аст, аммо дурўғ дар либосҳои ҳақиқат бо зоҳире ороста намоён мешавад..