Предыдущая публикация
Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем.
Мо ҷуз ғами ў ҳеч дигар кор надорем.
Мискину фақирем ба кошонаи дунё ,
Бо неку-бади ҳеч касе кор надорем.
Не масти шаробему, кабобему, рубобем,
Парвои майу хонаи хамор надорем.
Гар ёри вафодор надорем ачаб нест,
Мо ёр ба ҷуз ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мо масти аластем ба як ҷуръа чу Мансур,
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад кор надорем.
Мавлави
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев