Предыдущая публикация
Рози дил харгиз магу бар хеч кас гайр аз Худо, Бар Худо бовар куну, бар хору хас бовар макун. Рузи вазнини расад аз ту хама созанд хазар, Дар канорат нест хеч фарёдрас бовар макун. Аз кафои вас-васи шайтон хазар созу марав, Гар ту озоди барандад бар кафас бовар макун. Ишк гуянду фиреб созанд бе чуну чаро, Гар паризода бувад,чун булхавас бовар макун. Умри худро, ки Худо додаст ,бар бодаш мадех, Бар ту гуянд, ки биёяд боз пас, бовар макун. Аз насихатхои ман панд гир,андеша кун, Бар касе дар зиндагони як нафас бовар макун!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
Фано гардад ҳама чизе, ки дар дунёст медони.
Касе гумкардаи худро дар ин дунё нахоҳад ёфт,
Ки дунё ҷои гумкарду камию кост медони.
Ту кай мири намедони, фақат дони, ки мемири,
Ҳамин аст маҳзи нодони, Худо доност медони.
Ба чашмони бинои худ намехоҳи ҳақиқат дид,
Ҳамон кӯре,ки нобиност зи ту биност медони.
Ду се рӯзе,ки меҳмонӣ дар ин дунё ғанимат дон,
Ки рӯзе мерави дар хок, сарат танҳост медони.
Ту абди бандаи махлуқ, Худо Маъбуду Холиқ аст,
Ба фармонаш итоат кун,ки Ҳақ аст рост медони.
Анис аз хоби ғафлат хез, ҳанӯзам фурсате дори,
Мусулмон рав аз ин дунё, сарат болост медони.