Аҳли хонадон гирди дастархон ҷамъ шуда буданд. Ман бо ҷузвдони дарсӣ, ки кӯфта аз дари хона бо салом ворид шудам, нахуст бибиям ба саломам ҷавоб гуфта, бо лаҳни модарона иброз карданд. “Номи маро ҳамин набераам гирад”. Бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост. Риштаи умрашон январи соли 2014 канда шуд....
5 сентябри соли 2015 бо умеди нек зери бинои таваллудхона интизори меҳмони фархундақадам будем. Зани корафтодаи нуроние дар таваллудхона аз ман пурсид: духтар интизорӣ ё писар? Дар лаҳза гуфтамаш: албатта духтар! Ҳайратзада пурсид: ҳамаи мардҳо писар мехоҳану ту духтар? Бале, ман пазмони бибиҷонгӯӣ шудаам. Дар лаҳзаи гуфтугӯ ҳамшираи шавкат хонадони моро бо таваллуди маликаи фархундапайк муборакбодӣ кард. Дарҳол вориди утоқи кӯдакони навзод шуда, бибиҷонгуён садояш кардам, мисле ки лаббайк мегуяду ба ии тарафу он тараф ҳаракат мекард.....
Бибиҷони додош, Озодаи азизам, ҳастии ҳар ду дунёям, рӯзи таваллудат муборак!!! Худо дар қалбат муҳаббати ислом, худошиносиро зиёда гардонад. Аз даргоҳи Худо умеди саломативу сарбаландии туро дорем, бигузор чун модарони некноми дигари тоҷик номбардори ватан гардӣ. Чун Саъдӣ садсола шавиву дар поят хоре науфтад Бибиҷон-Озодаи ба ҷон баробарам!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
Тавлиди духтар бошад у неьмат аст, неьмати Худовандист, ки хам дар ин дунё ва хам дар охират дастгири волидайн мебошад.
АЛЛОХУ АЬЛАМ !!!