Предыдущая публикация
Аз Ҳисори Суғдаму аз Рашти Ашт, Ман зи Дарвози Зарафшон, тоҷикам. Зодгоҳам Фалғаре дар Исфара, Зодаи Масчои Рушон, тоҷикам. Аз Самарқанди Бухоро решаам, Содамарде аз куҳистон, тоҷикам. Посдори нангу номуси ҳама, Ин ҳама аз худ пушаймон, тоҷикам. Дар талоши кашфи рози оламам, Бехабар аз худ, чи нодон, тоҷикам. Нест аз пирӣ нишон мӯи сафед, Навбаҳоре дар зимистон, тоҷикам. То ба кай пурсӣ, ки ҳастам аз куҷо, Шаҳрванди Тоҷикистон, тоҷикам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев