Яке лабташна дар саҳро.
Яке бедард бепарво.
Аҷаб дунёст ин дунё.
Яке чун моҳие дар шаст.
Яке бепул яке пулмаст.
Яке бепо, яке бедаст.
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке бо лаъли хандон аст.
Яке бо чашми гирён аст.
Яке бо ҷони ларзон аст.
Аҷаб дунёст ин дунё.
Яке ёри вафодор аст.
Яке бераҳму ҷаббор аст.
Яке муштоқи дидор аст.
Аҷаб дунёст ин дунё.
Яке аз одами дур аст.
Зи сарват масту маъмур аст.
Ба фикраш, аз Худо зур аст.
Аҷаб дунёст ин дунё.
Яке дар қайди зиндон аст.
Зи аъмолаш пушаймон аст,
Дилаш лабрези армон аст.
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке аз бачча безор аст.
Яке бар нохунаш зор аст,
Ба ёди бачча бемор аст,
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке дур аз ватан бошад,
Чу гул дур аз чаман бошад,
Чу ҷони дур зи тан бошад,
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке дар кӯдакӣ мирад,
Яке аз гушнагӣ мирад
Зи ҷабри зиндагӣ мирад,
Аҷаб дунёст ин дунё
Яке бе дину имон аст
Ва хизматгори шайтон аст
Паи озори инсон аст
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке аз ишқ девона,
Миёни мардум афсона
Яке бе кую бе хона
Аҷаб дунёст ин дунё!
Яке бечораву танҳо
Яке лабташна дар саҳро
Яке бе дард бе парво.
Аҷаб дунёст ин дунё.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11