Предыдущая публикация
Ҳар як инсон зебопараст аст. Баъзеҳо дунболи зебогии зоҳирӣ гашта, аз поктинатии ботинӣ ғофил мемонанд.
Шахсе, ки дар сирати худ хоксориро парвариш мекунад, ҳамеша меҳрубону некӯсиришт мегардад. Ӯ бо рафтору кирдор ва ҳарфзанӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад. Миёни мардум обрӯйи худро ҳифз намуда, дар дилу дида нақш мебандад.
Ҳамаи мо , рӯзе бо ин олам падрӯд мегӯяд. Вале пас аз рафтан ба дунёи фонӣ, танҳо номи нек ва сифатҳои накӯ аз инсон боқӣ мемонад. Агар шахсро ҳамчун ҳалиму накӯкор, хоксору ширинзабон ёд кунанд, ин худ як ифтихор аст!
Аз навиштаҳои боло бармеояд, ки хоксорӣ на танҳо зиннатбахшандаи инсон, балки абадзиндакунандаи номи ӯст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев